Сояҳои шикаста

(Ардавирафнома ё сояҳои шикаста)
Фақат рўҳи нотавон ва бечора майли таъна задан дорад. Фақт рўҳи нотавону кўчак ҳасад мебарад.
(Ардавирафнома ё сояҳои шикаста)
Зиндагӣ имрўз аст, мо сутуни Вақт. Вақт дарёест,
ки ду соҳил дорад. Гузаштаву оянда. Мо дар миёнаем…
(Рўзи ғалаба)
Табиат ба густохии инсон созиш намекунад…
Вай қасос мегирад!
(Рўзи ғалаба)
Зистан Ғалаба аст.
(Рўзи ғалаба)
На солҳо, балки лаҳзаҳо баъзан ба мисли умри абад, тўлониву дилгир ва якнавохт мешаванд.
(Рўзи ғалаба)
Агар кас ранҷ намебурд, аз кайфияти зиндагӣ бебаҳра мемонд.
(Ситорае лағжиду нопадид гашт)
Одам гузаштаро тўли чанд фурсат дар пиндораш зинда мекунаду аз қабати хираву дудандуди он ояндаи дурахшонро бо тамоми ҷалолу шукўҳаш мебинад.
(Ситорае лағжиду нопадид гашт)
Танҳо ваҳшати марг дар чашми инсон зиндагиро пурҷило, рангину зебо мегардонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо