Сояҳои шикаста

Ва бод аввалин парҳои барфро ба рақс меоварад. Барф меборад.
– Ту таб кардаӣ, Ивон. Сахт шамол хўрдаӣ. Ҳеҷ гап не сабр кун, ҳамин ки дукон дарҳояшро боз кард, туро муолиҷа мекунем. Фақат то боз шудани мағоза ту сабр кун… Медонӣ, ки кадоме аз бузургон, номаш дар ёдат нест, гуфтааст: «Сабр дари биҳишт аст». Фақат ту сабр кун. – Ва худ ба худ, бепарвоёна замзама мекунад: «Андак-андак ҷамъи мастом мерасанд… андак-андак ҷамъи мастон мерасанд…»
Вале мўйсафед бо ҳазор машаққат ба по мехезаду сурфазанону калов-калов аз назди Мустафо дур мешавад. Ва Мустфо бо дидани кифи пур аз шишаи холӣ сурудхонияшро қатъ карда гурбавор орому бе садо болои сандуқе мешинад. Дигар андешаи ўро ин кифи шишао тасхир карда ва мўйсафедро билкул аз ёд бурда буд. Дар куҷое аз умқи вуҷудаш гўё чизе аз эҳсоси одамӣ бедор шуда бошад, хост мўйсафедро баргардонад, вале таҳи дилаш шодӣ ва аз худо ниёиш мекард, ки Ивон пас нагардад. Ва нигоҳаш паси ў раҳ баста буд. Як бор ҳам таи нигоҳаш дид, ки мўйсафед беҳолона болои фарши мумии сахту сарди майдони варзиш афтид. Нигоҳашро аз ў гурезонд.
Гўё дигар мўйсафед барояш вуҷуд надошт. Ў интизори боз шудани дукони шаробфурўшӣ буд.
Вале мўйсафед меафтиду мехест ва бо ҳар бори афтидану хестанаш нолиш мебаровард ва ин нолиши ў бештар ба фарёди дардноки як махлуқи захмӣ шабоҳат дошт. Ва ҳатто сагчае, ки аз дер боз ба ў унс гирифта буду ҳамеша пешопешаш мерафт, дар ин лаҳзаҳо бо баровардани садои аҷибе, ки на фарёд буду на нолиши дарднок, ба мўйсафед ҳамдардӣ «баён» мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё