Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва касе нест, ки Иброҳимро қазоват кунад.
Ва мўйсафед ба тамоми овоз механдад, аз шиддати баланди ханда ғалт мезанад, сахт меларзад. Сагчаи лойолуду оболуд ҳам баробари ў аккос мезанад, «механдад». Хандаи мўйсафед ба сурфаи шадид табдил мешавад. Ў дигар худро аз сурфидан боз дошта наметавонад. Ва аккоси сагча ба сўи осмони гирифтаву сард зуза мешавад.
– Ба ту чӣ шуд, Ивон… Шўхӣ накун… – худро гум мекунад марди сурхпусти чашмтанг, дигар дасту по мехўрад.
Дар ин миён мардуми зиёде назди дукони ширфурўшӣ ҷамъ омада буд. Вале касе ба онҳо эътибор намедод. Агар нигоҳаш ҳам меафтод, он ногоҳ пур аз кароҳат, пур аз хашму нафрат буд. Онҳо фақат бо кароҳат ва тамасхўр ба ин манзараи пурдард менигаристанду паи кори худ мерафтанд. Гўй чашми онҳо ба дидани ин манзара одат карда буд. Ва ҳар кадоме аз онҳо дар худ иқрор мекард, ки инҳо ҳамеша дар чунин аҳволанд. Фақат ва фақат як писарчаи хурдсоле аз домани модараш мекашид, ки ўро ба ин манзараи барояш ҳайратовар ҷалб созад.
Шояд таваҷҷўҳи ў ҳам бештар ба сагча буд?! Шояд зўзаи сагчаро мешинохт. Шояд зўзаи сагча барояш аҷиб менамуд. Вале ҳанўз мўйсафед дар худ чу мўйи ғинҷида печида бо шиддат месурфид. Ва марди сурхпусти тангпешона ба чор тараф медавиду кореро сомон намедод. Писарча аз домони модараш сахт мекашид, то ўро ба худ мутаваҷҷеҳ созад, вале ҳайҳот, тамоми кўшишаш бенатиҷа буд. Модари ҷавон «шўхӣ накун» гўён ба писарча эътибор намедод.

пешина
аз 341
навбатӣ