Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин бор сагча ғиз-ғиз нолиш баровард ва ба сўи соҳиби овоз давид. Вале мўйсафед ҳанўз карахту беҳис буд ва зонувонашро айнак сохта ба дурҳо ки то ба дару девори дукони майфурўшӣ мерасид, менигарист, гўё нигоҳаш ях баста буд.
– Чаро овоз намебарорӣ? Кундавор нишастаӣ.
Соҳиби овоз як марди лоғарандоми сурхранге буд, ки чанд моҳи охир бо мўйсафед «Ивон» унс гирифта, балки ошно шуда буд. Мўйсафед бо табассуми дардолуде тарафи ў сар бардошт. Рўи ҷароҳати пешонааш, болои ду абрувонаш хун хушкида ва баногўшаш аз таъсири зарбаи сахт чун гўшти гандида сабз шуда буд. – Ба ту чӣ шуд, Ивон?! Ивон, кӣ…– ў аз авзои парешони мўйсафед ба риққат омад, хашмин шуд, – Ту бигў, кӣ?!.
Мўйсафед бо имои сару ду чашми беҳаракат ба ў кафи пур аз шишаи холиро нишон дод. Вале ў ба киф эътибор надод, балки ба исрор талаб менамуд бигўяд, ки кӣ бо ў чунин рафтори ноҷавонмардона кардааст. Вале мўйсафед вокунише надошт. Ва иҷрои ин қадар амал ҳам барояш хеле гарон буд ва авзояш чунон бад шуд, ки дили марди сурхпусти тангчашмро ваҳм гирифт.
– Шўхӣ накун, Ивон…
– Қатори мо, – ба зўр лаб кушод мўйсафед, – дар умки зулмат ҷангалистони анбўҳ гум мешавад… Ва қаторҳои бешумор дар умки зулмати ҷангалҳои анбўҳ гум мешаванд, раҳгум мезанад…
– Қаторҳо гум намешаванд, раҳгум намезананд.
Роҳи онҳо ба ҷое мебарад, аз ҷангалистонҳои анбўҳ берун меоянд, ин ҷангалистонҳо бепоён нестанд.
– Вале қатори мо дар умқи зулмати ҷангалистони анбўҳ гум мешавад.

пешина
аз 341
навбатӣ