Сояҳои шикаста

Парвоз карданам орзуст
Ту камон мекашиву тир мезанӣ
Ва хуршед дар уфуқ хунолуд мешавад
Эй зояндаи ишқҳову умедҳо
Тири ту дар дили хуршед гул мекунад
Гул мешавад
Ва парандаи ишқи ман дар фаросўи осмонҳо
Бо боли шикаста парвоз мекунад
Парвоз карданам орзуст
Ҳамчун барги зарде
Овехтаи холияшро
Бар гесувони бод
Парвоз карданам орзуст
Ҳамчун паррандаи асире
Ки раҳо шуда аз қафас
Бурўз кунад бо боли шикаста
Ба ёри орзуҳои як асир
Як гирифтор
Як парвози…
Парвоз карданам орзуст
Аз ишқи бандагон
Сарнавишт аз гўши ман мегирад
Ва дар азои ишқи ту
Дар шохсори осмони шаб
Ё мехи ситораҳо
Ҳамчун рўҳулқуддуси нисорат
Аз ишқи бандагон
Насб намекунад.
Танҳоӣ
Чашми осмон кур
Бод бераҳмона мушт ба дару девор мезанад
Борон ба тирезаҳо панҷа мекашад
Хоб дар фаросўи ман аст
Ту нестӣ… эй вой
Ту нестӣ
Ва ман дарахти хушки соҳилам
Карахту бефарқ
Аз боду борон
Аз ламси амвоҷи дарё
Ман дарахти хушки соҳилам…
Эй вой, вой
Ки ту нестӣ…
То шароре барвуҷудам бурдаме
То чун шаҳобе дар дили зулмат бидурхшам.
Фариштаи ишқ
Борон панҷа мекашад
Аз паси панҷара
Фарёд мезанад маро
Аз пушти қуллаҳо
Дар пушти дари хонаам
Фариштаи ишқ истода буд
Ў хира гашта буд
Аз арақ, аз ҳаяҷон, аз шарм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё