Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хуншортарин дидаву беқарортарин дилро ошиқ ва модар дорад.


Умедвортарин шахс ба ояндаи номаълум, ин ошиқ ва модар мебошад.


Бесаранҷом ва парешонхаёлтарин шахс ошиқ аст.


Ман ягон қудрате надорам, ки нафрини худой шавам ва наметавонам ба ту чизе офаринам ва туро ба машғулияте раҳнамун кунам, зеро ту худ офариниш ҳастӣ.
Ман наметавонам нигаристани туро рахшидани хуршед бахшам. Ту аз ман хирад талаб кун, ки фарзонаам.
НОТОВОНӢ

Риштаҳои нур
Аз хилоли аспони абр
Пайғоми хуршеди ғам меоваранд.
Гардунаҳои бод
Дар соярези шом
Атри андўҳ мепошанд
Ва дар чароғи чашмонам
Шароби хоб мерезанд.
Вале дар лойи кунбади лабҳо
Зангулаҳои ғам шарбати ишқ мерезанд
Ва орзуҳо афсурда мешаванд
Ҳамчун баргҳои хун
Дар майдонҳои ҷанг
Ва боз дар шўразори яъс лолаҳои умед
Сар мекашанд
Ва боз бахти саркаши ман
Ҳамчун мурғи шодӣ
Дар чашмаи хуршед
Оташи даруни хешро мешиканад.
Ва дар регзори умр
Ҳайкали зисти хешро
Дигарбора муҷассам месозад
Ва ту эй асири осмонҳо
Паси панҷараи хеш
Ба сўи ман лабханд мезанӣ
Бар нотавониҳои ману хеш
Ханда мезанӣ
Эй дареғ
Мо ҳарду беилоҷем!
Нотавонем.

пешина
аз 341
навбатӣ