Сояҳои шикаста

Охир, медонӣ, ки азизу сарви хиромони худро дорам ва тайёрам ба як истиғнояш ҷаҳони вуҷудро исор кунам. Эй муғаннии фусункор, ба нағмае дилам мерабоӣ ва ба мизробе бар дилам нохун мезанӣ, то меҳре, ки дилдодаам дар ниҳондилам гузоштааст, бурун кунӣ. Магар шармат намеояд аз он нигаристанҳои хуршедрўи ман, ки ба чашмони рахшон ба роҳам интизор аст?
Эй муғаннии шефтакор. Ба овози маҳину хуш суруде мехонӣ, то изҳори муҳаббати хешро кунӣ ва гўӣ: Эй шефтаи зулфи бутони зебоманзар, намебинӣ, ки дили лаългуни хешро ба рўи дастон гирифтаву ба ту тақдим мекунем. Онро гиру ҷои дили бахшидаат гузор…
Масти шароби фусунам, вале намедони, ки маро дар хона хуршеде, ки аз рахшиданаш олами ситорагон нопадид оянд, интизор аст. Агар ту бар ман дили кўчаки хешро бахшӣ, ў ҷаҳони ҳастии худро бахшидааст.
Биё маро ба ҳоли худ гузору дар ин ҳавои соф нағмапардозӣ кун, то дигарон бар ту ҷонбахшӣ кунанд.
Эй кўчаки ман, вақте ки бузург мешавӣ, маро ба ҷаҳоне мебаранд. Ту ҳамеша бо чамбаргулҳо бар сарманзилам ой, зеро як умр шефтаи лўъбатони хушхиром будам ва ҳоло нишони онҳо меҷўям.
Эй кўчаки ман, танҳо гулдастаҳо бар болои санги манзилам гузору қадаҳи бодае нўш кун, ки аз худ равӣ, зеро ҳамеша масту бехуд будам. Вале зинҳор бе гулдаставу ҷоми май бар манзилам гузар макун.
Эй кўчаки ман, ҳоло ки маро намешиносӣ, танҳо ёдам мекунӣ, бар сарманзилам бо маъшуқаат ой, зеро орзуе дар дил ниҳон доштам, ки туро лаб ба лаби ёр бинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё