Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хунобаи дил
(Таронаҳо ва андешаҳо)
4.12. 1973

Пешсухан

Мехоҳам сурудеро бароят бо тамоми ҳастии хеш сароям, мехоҳам онро ба монанди булбули ошиқ тараннум намоям, эй модари ман, эй дояи ман, танҳо ту гўш кун!
Дилам чун даф ба нағма медарояд, овозам чун мавҷи хаёлоти ширин паҳн мешавад, шояд ба гўши дили ту расад, ба тамоми ҳастиям тараннум менамоям. Ту гўш кун, эй роздори ман, эй розфаҳми ман, ки ба ҷуз ту дигар кас надорам онро фаҳмад. Эй модари ман, эй хонаи ман!
Дили кўчакамро бо рўи кафи бузургат мегузорам, эй модари ман, эй дояи ман, онро ба рафи хонаи бузургат гузору туғёнаш бингар, вале зинҳор баландаш накун, танҳо ба гўши фаҳм бишнаваш ва назари дақиқаш кун, ки чи мехоҳад.
Кафи дасти бузургу беназират, пур аз дилҳои кўчак аст. Онҳо медурахшанду сурудхониат мекунанд, то бар дили беназират маскани хос ёбанд, вале ту эй модари ман, эй дояи ман, эй хонаи ман, бо як рамуз назар ва гўш мекунӣ ва дар як ҷой мегузорӣ.
Охир, агарчанде ки ба ту ҳар навъ хитоб кунанду хурўшанду нағмапардозит кунанд ҳам, онҳо бароят ошиқу фарзанду дастпарвар ва сокини хонаи туанд, эй модари ман, эй дояи ман, эй хонаи ман.
Ту маро гўш кун, эй худои ман, ки ҷуз ба ту ба чизи дигар саҷда накардаам, ба касе суруд нахондаам, ба касе нағма напардохтаам, ба ҷуз хонаи ту дигар ҷой иболат накардаам, ба ҷуз аз ту аз дигар кас ғизо нагирифтаам, эй худои ман, эй модари ман, эй дояи ман, эй хонаи ман, эй роздору розфаҳми ман!

пешина
аз 341
навбатӣ