Сояҳои шикаста

То ҳанўз меҷўямат
Намози шом буд. Ман оҳиста-оҳиста дар роҳрави хиёбон қадамзанон роҳ мерафтам. Барги дарахтон ба ранги заъфаронӣ аз шохсор парвозкунон ба замин фуруд меомаданд. Боди шомгоҳӣ онҳоро аз замин боз ба осмон бардошта, ба дигар ҷо бурда мепартофт. Роҳрави хиёбон пур аз равандагон буд. Аз миёни хишир- хишири баргҳо садои нарми зане хеле паст ба гўш мерасид.
– Ист… як дам исто!
Ман ба он эътибор надода, ба роҳи худ равон будам. Овози зан боз аз пештара дида баландтар садо дод.
– Ист… як дам исто!
Бо таваҷҷўҳи он, ки ў кист, ба пас гашта нигаристам. Арақи сард аз ҷабинам сар зад. Мўйи баданамро сўрох карданӣ мешуд. Нафасам канда-канда берун меомад. Зане аз дур бо ду дасти ба пеш ёзонда ба сўям давид. Овозаш меларзид.
– Ист!..
Ман намедонистам, ки ў кист. Мўйи сараш ба тарҳи чеҳрааш ҳеҷ рост намеомад, зеро чун қуллаи кўҳи азими сарсафед менамуд. Гўё тамоми умр миёни тўфони ғам худро ба соҳил мекашид.
Дасташро ба китфам партофта, нафасашро рост карданӣ шуд. Баданам ваҷаррос зада рафт. Охир, ман то ба ҳол ба ин гуна вазъият рў ба рў набудам.
Ҳеҷ бор ман навозиши модариро начашидаам. Ҳаминро медонам, ки аз кўдакиям то ба ҳол бо падар будам.
Чеҳраи пурмеҳри ранги хазон гирифтааш ғамгинона ба ман менигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё