Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мехост ҳарчи тезтар ба сўҳбат хотима гузошта, аз ин вазъияти нохуш раҳо шавад.
Ҳеҷ набуд, ки ҷавон бас карда, равад. «Қасдан маро азоб медиҳад ва чу гурба аз ҷонкании муш лаззат мебарад». Ин вазъият торафт ғазаб ва нафрати Нодир Комиловичро меангехт.
Ин хаёлот ўро муттасил ба хашм меовард, азоб медод. Ў боз ба худ омада, худро хеле монда ва шалпаршуда ҳис карда, рафта ба болои хараки беодам нишаст. Касе набуд, ки ҳасрат кунад. Танҳоӣ! Бекасӣ!
Танҳо як орзу дошт: умри дубора! Гўшҳояш садо медоданд: «Одами бенафъ ба мисли биёбони даҳшатангез аст…»
Якбора аз ҷояш хеста, сўйи хонааш равон гашт, то ҳамон китоберо, ки ин гуфтаҳо дар он сабт шуда буданд, пайдо кунад. Тамоми китобҳоро кофту ёфт, аммо ҳамон китоби даркориро наёфт. Барои ин китобро ёфтан, барои ба қадри суханони дохили он расидан умри дубора лозим буд.
3//-1975

пешина
аз 341
навбатӣ