Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ў ёд надошт ва ё лоақал нашунида буд, ки ҳамкоронаш ўро дар пасаш сифат карда бошанд. «Ба ин худи ман айбдор будам». Дўстонашро мефармуд, ки суханчинӣ кунанд ва ҷояшро ёфта, суханро дар бадии ў кушоянд, то ки фаҳманд: дигарон чӣ мегўянд, фикру ақида доранд. Ин «ҷосусони Нодир Комилович» чунон дар рагу пайи «душманон» ҷо гирифта буданд, ки барои кӣ будани онҳоро донистан чу онҳо будан лозим буд. Вале дили бекина чӣ парвои ин дорад. Ў ҳамаро аз содагӣ чу худ мешуморид. Ба сидқи одамон бовар мекунад. Суханони «ноҳақ» басе мегўяд.
«Дўстони ҷонӣ» начакондаву нарезонда ба Нодир Комилович мерасонданд ва рўзи дигар чун мусичаи бегуноҳ дар шафақи оташи даргирондаашон гарм мешуданд. Нодир Комилович қариб ҳар рўз чу саги девона ягон корро баҳона карда, ба «ғайбатчиён»
дармеафтод. Алалхусус ба ин ҷавон, қариб ҳар даҳ дақиқа, то ўро маҷбур кунад, ки бо хоҳиши худ баромада равад. Вале чӣ шуд?... Кўҳ ба кўҳ намерасад, … Вай акнун ҳеҷ мансаб надорад. Оё ў дар ин бора фикр мекард? Акнун онҳо рў ба рў омаданд? Нодир Комилович бо кадом обрў бо ў сухан мекард. Наход бо дили пуру беғаш сухан мекард? Наход ўро дар ин дами афтодагӣ тамасхур кунад? Ҳеҷ чиз гуфта намешавад… «Мумкин сардори нав ошнояш бошад.»
Расми сарои дурушт-дия. Шахсе, ки дар наздаш ду пули сиёҳ намеистод, ба ў бо писханд менигарист.
«Охир, ў ҳақ дорад… Чӣ қадар ўро танг карда бароварда будам.» Нодир Комилович аз шарм ва хиҷолат аз рўйи одами бекина назарашро гурезонда, ба як нуқтаи беҳаракате дўхт. Аз нигаристан ба чашмони ҷавон метарсид.

пешина
аз 341
навбатӣ