Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Фикраш торафт пароканда ва дарҳам-барҳам мебаромад. Тез меранҷид, худро маломат мекард.
«Дўстонро чӣ шуд?» аз хаёлаш гузашт. Чаро баҳри аҳволпурсиаш намеоянд? Магар онҳоро ҳамту зери қанот гирифта, тарбия карда буд. «Не… Ин рўзи сахт аз пушти онҳо ба сараш афтодааст-ку. Пас умри ман биёбонро мемонад.» Ана дина дар вақти рў ба рў омадан бо ҳамкораш қариб замин накафид, ки фурў равад. Аз хона баромаду ўро дид. Чашмҳояшон ба якдигар бархўрданд. Вагарна ў хоҳиши бо ў рў ба рў шуданро надошт. Охир, ба кадом рў ба ў менигарист?! Ночор дар ҷояш истод ва ҳамон лаҳза «некиҳояш» ба ёдаш омад.
Ситораи ин ҷавон аз рўзи аввал ба назари Нодир Комилович хунук тофта буд. Барои он ки ин ҷавон дар наздаш кор накунад, кам даву ғеҷ карду мубориза бурд?! Гўё пушту паноҳи ҷавон шахси зўре буд, ки ба шарофати ў ҷавонро ноилоҷ қабул карданд. Он тарафи масъала, кор кардан ё накардани ҷавони бетаҷриба дар дасти худи Нодир Комилович буд. Ана саҳнаи набард дар дохили як кабинети чормиза оғоз шуд. Нодир Комилович бо пичингу киноя ҳар рўз ба ҷавон «неш» мезад. Вале ў ҳамаро мисли худаш гумон карда, ба чизе эътибор надода, ба роҳи худ рост мерафт. Ана «даври гардун». Акнун замоне расид, ки онҳо бо якдигар рў ба рў омаданд. Чунин вазъияти нохушро Нодир Комилович ҳеҷ ба хаёл ҳам намеовард. Ана дар ҳамин лаҳзаи мудҳиш нокасии худро ҳис кард ва фаҳмид, ки ў дар назди дили беғашу бекина ва шахси росткор ҳеҷ аст. Нодир Комилович аввалин бор ин ҷавонро дар рў ба рўяш кушодарў медид. Дар бораи сардори наваш бо шавқу сурур сухан мегуфт ва номашро бо эҳтиром ёд мекард.

пешина
аз 341
навбатӣ