Сояҳои шикаста

Ў қимати он суханонро фаҳмид. Вале афсўс, ки дер шуда буд…
Ў чӣ тавр ба гулгашт расиданашро надонист. Дар сояи дарахтон гурўҳ-гурўҳ одамон рўйи харакҳо нишаста, дам мегирифтанд. Гурўҳи ҷавонони зери маҷнунбед нишаста ба шавқ байни якдигар сухан мекарданд. Дуртар аз онҳо ду мўйсафеди нуронӣ болои харак нишаста, дарду ҳасрат мекарданд. Чунон мўйсафедони дилкаш, ки аз дидорашон ҳаваси кас меомад! Аз чеҳраашон маълум буд, ки зиндагии хуш гузарондаанд ва аз ҳаёт қонеанд. Акнун танҳо ба гузаштаи худ бо ёди нек назар мекунанд.
Нохост аз дилаш оҳи пурдарде берун ҷаст. Касе ба ў эътибор надод. Пуралам аз назди ин ду шахси хушвақт гузашта рафт. Насим бўйи тарабангези табиати атрофро ба машом мерасонд. Нодир Комилович боз танҳоии худро ҳис кард. Як моҳ!... Писараш ба сари зиндагии худаш. Агар вақташ шавад, ҳафтае як бор-ним бор омада, аз ҳолу аҳволаш хабар гирифта, меравад. Як чизи дигар ба дилаш аламовар мерасид. Ҳеҷ бо набераҳояш меҳрубон шудан наметавонист. Ҳатто чандин маротиба барои ба ин матлаб расидан кўшиш карда бошад ҳам, кўшишҳояш бентиҷа мебаромаданд.
Сохта будани ин меҳрубониро гўё худи кўдакон ҳис мекарданд, ки аз ў мегурехтанд. Наход як моҳ чунин таъсири аламовар расонда бошад?! Ҳама кас аз ў мегурезад! Касеро дўст дошта ҳам наметавонад!
Акнун ў танҳо дар бораи як чиз орзу мекард: Умри дубора! Ў акнун кӣ будани шахс ва чӣ будани рафторашро нағз фаҳмида гирифт. Вале кӣ умри дубора дидааст? Ба гузашта салавот…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё