Сояҳои шикаста

Вале чизе ба хотираш намеомад. Ў фикр карда – фикр карда, дастонашро беқаророна меҷунбонд, гоҳ панҷаҳояшро чу шона ба қабати мўйи тор-тораш бурда, аз шиддати изтироб онро мушт мекард. Ҷабинашро пурчин карда, мўйи сарашро ҷур медод. Боз дасташро аз сараш гирифта, мўйҳои сафеди дар қабати панҷаҳояш хестаро якто-якто гирифта мепартофт. Якбора андомаш ба ларза даромад. Бинанда агар ўро аввалин бор дида бошад, гумон мекард, ки ин шахс то чӣ андоза мушфиқу меҳрубон ва ғамхору ҳимоятгари ҷамъият аст. Лекин ў медонист, ки аҳли маҷлис дар бораи ў чунин фикр надоранд.
– Ман… ман… – сухан дар гулўяш дармонд. Овозаш ларзид, андўҳ гулўгираш кард. Якбора хун ба сараш зад, «душманон ба ҳолаш механданд». Ба ҷои ғазаб суп-сурх ранг гирифт. Аз худаш шармаш омад. Чӣ гуфтанашро намедонист. Охир, ҳар каси нишаста ўро чун панҷ ангўшташ мешинохт. Дар ин лаҳза танҳо ғамхори ў дўстонаш буданд. Худ инро хеле нағз медонист. Лекин аз дасти ин дўстон чӣ ҳам меояд? Ў ҳамеша бо забони дарозу даҳони пур даъво мекардааст. Акнун чаро як даҳон гап зада наметавонад. Боз кўшиш мекард, ки ягон кори хубашро ба хотир орад, вале накарда буд, ки аз ў, ба ҷуз ду-се ёру ошнояш, каси дигаре нафъ бурда бошад. Дар ана ҳамин лаҳзаи мушкил, якбора ба хотираш китобе расид, ки ким-кайҳо хонда буд. Дар он навишта шуда буд, ки умри одами бенафъ биёбони беобу бегиёҳу регзори пурхатар аст. Вале дар болои он ҷуқур фикр накарда буд. Ана дар ҳамин лаҳза пешонааш ба девори лаҳад расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё