Сояҳои шикаста

Офтоби сари кўҳ
Ҳавои хона аз дуди сигарет хеле ғализ шуда буд.
Танҳо ғирингоси пашшаҳои назди шишаи тиреза ба ин хомўшӣ халал мерасонд. Нодир Комилович рўзномаро ба як тараф гузошта, аз ҷояш хест. Танҳоӣ,
– аз дил гузаронд ў. – Танҳоӣ … Дигар чизе дар бораи танҳоӣ ба хотираш наомад. Як оҳи сард аз дили пурдард бароварду халос. Ў ба чунин танҳоӣ одат накарда буд. Як моҳ боз чӣ кор карданашро намедонист. Гўё зиндагӣ такрори як кор буду бас. Бекорӣ ва танҳоӣ боз ба дилаш зада буд. Ба кўча баромад, вале намедонист, куҷо равад. Оҳиста-оҳиста қадам зада, ба роҳ даромад. Рўзгори гузашта чу лентаи кино дар як лаҳза аз шабистони хаёлаш гузашт. Рўзи ба нафақа баромаданаш хеле аламовар буд.
Зали калон пур аз одам буд. Яке аз дўстони наздикаш баромад карда, бо як сўз, бо як меҳрубонӣ сухан карда, дар охир бо таассуф рафтани рафиқи меҳрубону ғамхор ва ҷамъиятчиро қайд кард. Одамон пайиҳам баромада, аз рафтани чунин шахси ҳалим ва дилсўз изҳори таассуф менамуданд ва аз хизмати сиюҳашт солааш ба некӣ ёд мекарданд. Ў аз изтироб ва беқарорӣ чӣ кор карданашро намедонист. Хиҷолат мекашид, зеро ягон сифат, ки нисбаташ медоданд, ба ў хос набуд.
Сухани хотимавиро ба ў доданд, то ки ба ҳамкоронаш миннатдорӣ баён кунад. Умуман сухан ба ў дода шуд. Аз ҷояш хеста, ба назди минбар рафт.
Даме даст ба сар бурда, ба фикр фурў рафт. Чизе ба хотираш нарасид. Охир ў сиюҳашт соли умрашро бар нафъи «ҷамъият» сарф кардааст. Хост аз ҳамин қадар хизмат ягон лаҳзаеро, ки ба ҷамъият фоида оварда бошад, ба ёд орад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё