Сояҳои шикаста

Барои сафед кардани худ ягон ҳарф наёфт, ки гўяд. Чӣ ҳам мегуфт. Охир, ў ҳайвон не, одам куштааст, одам! Аз ин одами истифода бурда, мардум байни худ муҳокимаронӣ мекарданд.
«Рафиқон ором шавед» гўён раиси суд ҳама касро ба худ овард. Мардум хомўш гардида, дам ба ҳайати минбар, дам ба ў менигарит. Хомўшии мудҳиш.
Дар охир, ин хомўшии дилгирро суд раҳна карда, сухани хотимавӣ ва ҳукми коллегияро хонда дод.
Ўро барои мастона бар сари рули мошин шишта вайрон кардани қоидаи роҳ ва куштани одам ба муддати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум намуд. Садои ҷонкоҳи занаш ўро ба худ овард, ки фарёд мекард:
– Духтарчаамро сағира кардӣ! Хонаамро вайрон кардӣ!
– Дигар ягон ҳарфе ба гўшаш намерасид, ў маъюсона ба сўи оилааш менигарист. Ашк бе ихтиёр дар гирди чашмаш ҳалқа зада, ба рўяш чакид.
Ў як қад парид. Наврўз ба чашми ҳайрат ба ў менигарист. Садои мусиқӣ шуху форам танинандозӣ мекард. Фирўз ашки чашмонашро пок карда, хомўшона ба ҷоми май менигарист.
– Чаро ин қадар ғусса мехўред? Ҳамааш хуб мешавад. Зиндагӣ аз нав… Фалокате шуду…
– Фалокат… Хайр, хестем.
Дари ресторан аз пасашон пўшида шуд. Дар кўчаҳои барфпўш аҳён-аҳён одамони роҳгузар ба назар менамуданд. Садои мусиқӣ торафт аз дуртар ба гўш мерасид.
13.03.1976

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё