Сояҳои шикаста

Дар гумонаш, ҳама чиз ба ў нафрат доранд.
Наврўз намефаҳмид, ки бародараш дар чашмони маъсумонаи ин духтари дилсоф як ғазаб ва нисбат ба худаш як душмании беинсофонаеро ҳис мекард.
Ў намедонист, ки чаро бародараш назарашро аз нигоҳи ин духтар мегурезонад. Ў намедонист, ки дар дили бародараш чӣ ҳиссе туғён мезанад. Ў дар айёми шўрандагии шавқ чӣ хабаре аз беохирии паҳнои дил дошт.
Вале Фирўз дар ин лаҳзаҳо мехост, ки чашмонашро пўшад. Як умр. То ки касерову чизеро набинад ва дар онҳо нисбат ба худ бегонагиеро ҳис накунад. Мехост кўр гардад ва то охирин дақиқаҳои зиндагӣ аз ҳамаи зебоиҳои олам маҳрум монад. Магар аз ин ҳам даҳшатноктар рўзгор вуҷуд дорад, ки ҳангоми боз кардани чашм оламро бинӣ, ба ту нафрин кунаду писханд занад ва ҳангоми бо ҳам задани он таҳдиду рўзгори даҳшатовари гузашта пеши назарат ҷилвагар шавад.
Ба ҳавои мусиқии шўх мерақсиданд. Фирўзу андешаҳо. Духтару умеди илтифот. Ин ду шахси бегона ҳеҷ гоҳ ба ҳамдигар маъқул нахоҳанд шуд. Яке дар нигоҳи дигаре нафринро мехонд. Дигаре тамоман аз он бехабар, ҳатто роҳи ба ў шинос шуданашро ҳам гум кардааст. Онҳо хомўшонаву дилгир мерақсиданд. Мусиқӣ, қасд кардаги барин, тўл мекашид. Ин рақс дар дили ҳардуяшон ҳам зада буд.
– Раҳмат…
Духтарак рафта, ба ҷои худ нишаст. Ў қонеъ нашуда, бо чеҳраи гирифта ба дугонааш менигарист.
Фирўз ба соғар май рехта менўшиду дар баҳри хаёл шино мекард.
Рўзи ҳукми суд. Хомўшона, ба сари хам дар назди мардуми зал истод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё