Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– ба финҷонаш майро рехт. – Хеле хуб ҳам мерақсидааст. Моро дидед, чӣ хел мерақсидем?
– Оре, шумо хеле хуб рақсидед…
– Биёед, барои хушбахтӣ менўшем.
Финҷонҳои шип-шип ба ҳам расида салоти нўш дардоданд. Фирўз ба финҷони дасташ назар афканда, чашмашро сахт пўшид.
Дилаш ғаш кард. Охир то, ҳол ў гумон мекард, ки аз дастонаш бўи хун меояд. Ў дар онҳо охирин вуҷуд, гармии хуни инсонро ҳис мекард. Ў ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки боз ба ҳамин дастон сари духтарчаашро сила мекунад. Онҳо ўро чӣ хел истиқбол мекарда бошанд. Охир, дар ин муддат ягон бор духтарчаашро надида буд. Наход, ки ў гумон кунад, падараш одамхўр аст. Пас чаро ў ягон бор ба назди падараш нарафт? Дар чашмони модараш маҳзунӣ лона карда буд. Ў маҳзунона ба ў менигарист. Хомўш меистод. Танҳо «аҳволат чӣ тавр»
гуфта мепурсид ва дар вақти рафтанаш «боз меоям»
гуфта мерафт. Наход, ки онҳо аз ман ор кунанд? Ман худам ҳам намехостам, ки чунин бало ба сарам ояд.
Хайр, кӣ мехоҳад, ки чунин рўз ба сараш ояд. Ҳеҷ кас. Ҳато бадтарин кас аз чунин рўз парҳез дорад.
Тасодуф мешаваду… тасодуф!... Наход онҳо инро нафаҳманд? Садои мусиқӣ андешаҳои ўро барканд.
Мардум ҷуфти худро ба рақс даъват мекарданд. Бадрия бо дугонааш мерақсид. Наврўз аз ҷояш хеста, аз дасти Фирўз гирифта кашола мекунад. Фирўз намехост! Вале ўро ба ҷону дилаш нагузошта, аз ҷояш хезонд. Ночор хоҳиши ўро баҷо овард, вагарна ин ҷавонон тез меранҷанд. Ў ҳеҷ намеандешид, ки бародараш бо кадом дил мерақсид. Наврўз ҳис намекард, ки ин ҷаҳон барои бародараш тамоман бегона аст.

пешина
аз 341
навбатӣ