Сояҳои шикаста

– Одат кардаам. Одам ба танҳоӣ одат мекардааст.
Аз он ҷудо шудан мушкил мешудааст. Танҳоӣ низ кайфияте доштааст. Одам худ ба худ дар майдони набард мемонад. Кӣ киро? Ману ман меҷангад.
– Ту хело тағйир ёфтаӣ. Ба ту чи воқеа рўй додааст, пинҳон макун.
– Ман ҳамонам, ки маро мешинохтӣ.
– Не. Ту рўз аз рўз ношиностар мегардӣ, ҳеҷ фаҳмида наметавонам.
– Бовар кун, ман ҳамонам, ки мешинохтияш.
– Рост бигў, ки касеро сахт дўст доштаию ў ба ту илтифот намекунад. Гў, шояд аз дастам барояд.
– Ў сахт зебову қайсар аст. Бузургтарин нидоҳо ба гўши ў намерасад. Боварӣ дорам, ки аз дастат ҳеҷ кор намеояд.
– Ў кист?
– Одам. Ба тамоми маъноҳояш, одамизода
– Ба ў ёри гапӣ ё не.
– Мо басо наздикем.
– Пас чаро…?
– Зеро якдигарро намефаҳмем.
– Чӣ хел? Ба ў нек фаҳмон
– Не, бояд худи ў фаҳмад.Чӣ хел фаҳмонам, ки ў намефаҳмад.
– Ба пай бурданаш боварӣ дорӣ?
– Намедонам.
– Домани вайро дошта, умратро мегузаронӣ? Бо дигараш роҳ ёбу зиндагиатро ба роҳ мон.
Омада ба ҷояш нишаст. «Хайрият», – аз дил гузаронд Фирўз.
– Духтари хеле аҷиб, ба одам чу шахси ошно набуда сухан мекунаду ишва мефрўшад. Номаш ба мисли худаш зебо – Бадрия! Ба шумо низ маъқул шудагист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё