Сояҳои шикаста

Аз ин андешаҳо дар дилаш ваҳм афтод. Ў тарсид, ки духтарчааш, ягона мояи зиндагиаш, рўи дидани ўро надорад. Охир, падари ў одамхўр аст. Аз вай мегурезад. Ў ба ин андеша тоб оварда натавониста, чашмонашро сахт пўшид ва панҷаҳояшро мушт кард. Ангўшти таҳдиди духтарча бар синааш мехалид. Ў якбора аз тарс чашмашро кушода, ба бар назар афканд. Мардум мерақсиданд.
Мусиқӣ форам ва дилчасп садо медод. Нишастагон аз он ҳаловат бурда, аз рўи шавқ ба савти он худро меҷунбонданд.
Ў худро ба чизе андармон карда натавонист. Хаёлот чу хоби ваҳшатангез ба ў ҳамла меовард. Ў барои аз ин рўъёҳо халос шудан ҳеҷ чорае наёфт.
– Ту агар инсон мебудӣ, ҳеҷ гоҳ дар ин ҷо ҳамроҳи ман намешудӣ. Ман аз ҳамаатон қотилтарам, – боре ўро маҳбусе, ки ба касалии алоӣ гирифтор шудааст, таҳдид менамуд. – Ин ҷо манзили инсон нест. Ту одам куштаӣ, одам! – тамоми қувваташ аррос зада, ба сўи ҳар кас ангўшти таҳдид давонда мегуфт. – Ту чӣ? Дузд! Дузди ризқи мардумӣ. Гумон мекунӣ, ки ту дар ҷомеа зарурӣ? Ту чӣ? – ба марди қоқинаи дарозе рў оварда. – Майзада беномус! Чӣ тавр дилат шуд, ки ба номуси тифли бегуноҳ даст задӣ?! Боз албатта баъди чанде худро одам мегўӣ шарм надошта, ба номи муқаддаси одамӣ ба рўят парда мекашӣ ва дар паноҳии вай амон меёбӣ!
Боре ману ту чун ҳамешагӣ дар роҳ бо ҳам бархўрдем. Гўё ту кори ҳарбе надоштӣ, ки бо ман ёри гап шудӣ. Ё ба зисти ман мароқат пайдо шуд. Намедонам.
– Чаро ҳамеша танҳо мегардӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё