Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса

ДОСТОНҲО
Ганҷи сухта
Куллияи умрон тамаддуни Ироқу Арабро, ки эрониён ба вуҷуд оварда буданд,тозиён аз миён бурданд.
Ибни Халдун.
Онҳо дар шафақи шўълаҳои рақсони оташи муқаддаси Озарфаранбағ* хомўшу пурандеша нишастаанд. Ҳар кадоме ғарқ шуда дар олами худ ва ё гашта пойбанди як ғами бузург. Шафақи рақси шўълаҳо ба рўю тани онҳо афтида ҳайкалашонро хеле сангину ғамангез даруни бинои нимравшан ҷилва медод. Даруни оташкада фақат сукути пурбиме мерақсид.
Фақат шўълаҳо мерақсанд, мерақсанд шўълаҳо.
Меларзанд сояҳо. Сояҳои равшану сангин.

Даруни андешаи дилгиру дудгуни Борбад олам ба садо меояд: Авомтурик гавниз сипаҳниҳ воҷикниҳ комкор сўги муғон кини Эраҷ… дарғам… кини…
Сиёвуш… маздакниҳ, паҳлавониҳ* шуда маҳлут ба ҳам даруни саре пур зи ғавғо. Сараш козаи занбўр.
Ва ё дунё шуда занбурхонае? Вале он чи ин лаҳза ба пиндораш, дар хаёлаш садо медиҳад, овози пашшаҳост.
Бозори пашшаҳо!
Дунё дигар барояш як холигии пурсадо шудааст.
Оҳангҳои ў аз ҳам рехтаанд, дигар ба як ришта садо намедиҳанд. Пардаҳо аз созҳо даридаанд, торҳо гусастаанд. Олам низоми худро гум кардааст. Худоҳо камфурўғ шудаанду сояҳо хира.

аз 341
навбатӣ