Гаҳворабахш

Бодпарак барин аз қафои Малоҳат ба ошхона паридам. Ўро дар назди плитаи газ нигоҳ дошта, боз рост ба қаъри чашмонаш нигаристам.
— Мало! Садои дили маро мешунавӣ?
Духтарак андаке ҳаросида худро тарафи тиреза қафо кашид:
— Риёзбек, ба шумо чӣ шуд? Худро ба даст гиред! Аз мардӣ-то номардӣ як қадам аст! Қафо равед!
— Мало, азизакам, бовар кун: туро аз ҷону дил...
— Бас! Худро ба даст гиред!
— Мало...
— Агар як калимаи дигар гўед, ман меравам!
— Мало, азизам...
— Қарор биист, бача...
Малоҳат чолокона тоб хўрда, ба ман раҳ доду давида ба долон баромад.
Акнун маро нигоҳ доштан номумкин буд...
Баъди ду моҳи ин ҳодиса ман аз хобгоҳ кўч бардоштам. Баҳона он буд, ки шавқуну мағали аз ҳад зиёд барои навиштани рисолаи дипломӣ халал мерасонад. Дар канори хилвати шаҳр як кулбаи миёнаҳолро ёфта, иҷоранишин шудам.
Дар куҷо воқеъ будани ин манзилро ғайри Малоҳат ҳеҷ кас намедонист.
Вай зудозуд ин ҷо меомад. Либосхоямро шуста, ордобаю атолаю қурутобу шўрбо мепухт. Дар ҳамин кулба ман ба вай ошпазиро ёд додам. Дар ҳамин кулба аз Мўъминаю Рустам хабарномаи тўй гирифтем. Дар ҳамин кулба... ва ғайра ва ҳоказо...
Баъди чанде Малоҳат низ иҷоранишин шуд. Вай дар миёнаҷои дилу хонаи ман маъво гирифт…
Инак, руфақои азиз, ҳиссае аз қиссаи зангирии бандаи ганда ба охир расид.
Лаббай? Чаро «ҳиссае» будааст? Барои ои ки ин қисса мисли думи шутур кўтоҳи безеб нест ва боз якчанд пастию баландичаҳои каҷмакаҷак ва паскучаю тапгкўчаҳои дурмадароз дорад. Бинобар ҳамин, дилатонро танг накарда, коҳу сабўс барин вазнин шавед, дўстон!
Ба риши фаххаки падари кўсаам қасам, ки давоми қиссаро ягон вақти дигар батаанӣ мегўям. Маъқул?
Хайр, ҷону ҷигарҳо!
Саломат бошед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё