Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дартоз ба ҳавлии Саъбабону тохтам. Вай ба сутуни аӣвон такья зада, пахтаи кўҳна ғоз мекард. Тараппаси пои маро шуииду сараш-ро як боло бардошта, кӣ будани дарояндаи дарро дид. Аммо ҳолати нишасташро тагвир надода, корашро давом додан гирифт. Гўё ки аз омадани ман хабар надошт...
Муддате дар тори сари кампир рост ис-тода, чорчашма ба даҳонаш нигаристам: ка-нӣ, ҳарвакта барии «Муллориёзбек биёед!» мегўяд ё не?
Дам назад. Лоакал «Биё»-И ҳушку холӣ ҳам нагуфт. Аз пахта садо мебаромаду аз вай не. Ноилоч худ лаб ба гуфтор кушодам.
— Очасаъба, салом.
— Ассалом, оча!
— Хоӣ! Ба сутун не, ба Шумо «салом» ме-гўям. Мефахмед?
— Ҳа-е! Чӣ гап дорӣ?
— Бо касофати шумою набераатон гаҳво-рабахши мо вайрон шуд...
— Хуб шуд! Аҷаб шуд! Боз бадтар ша-вад!!
— Рост, ҷо-о кори хуб шуд, оча. Бинобар ҳамин омадам, ки ба шумо як миннатдории ғафсу лафс баёп кунам!
— Чи-ӣ? Ин кадар қасду пнчинг нагўӣ, гўсола! Сиравно пинакам таҳ намехўрад!
— Хамин хел? Пас, Азиз куҷост?
— Ҳой! Ун пастаки фитна канӣ?
— Беҳуда кал-кал накарда, дафъ шав, шум-шакл! Азиз ту катӣ қахрӣ...
Рав, аробаатро каш! Ба ман соя накун!
— Хуб шудааст, оча. Ман меравам. Лекин як илтимос: ҳар дуи шумо ҳам дигар ба мо соя накунед! Маӣлаш, очачони ширип?
Саъбабону, ки интизори чунин муомила набуду косаи зери нимкосаро намедонист, даст ба гиребон бурда пай дар пай «тавба» мегуфт. Он лаҳза вай яқин гумон дошт, ки ман аз гаҳворабахш ҷудо шудан ҳамон зи ақл бегона шудаам...
Аз сабаби номусоид будани боду ҳаво парвози самолёт чандин карат мавқуф гузошта шуд. Дар натиҷа нимишабӣ ба хобгоҳ расидам.
Бинобар ҳамин бо Малоҳат пагоҳии рўзи дигар рў ба рў омадем. Вай баъди нимкола ҳолпурсӣ зуд маҷрои сўҳбатро тарафи дигар гардонд.
— Он шумхабар рост баромад ё дурўғ?

пешина
аз 80
навбатӣ