Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Дурўғ...
— Яъне, гуши Муъмина вазнин набуда-аст?
— Не. Ҳар ду гўшаш сип-сиҳат.
— Хайрият-е... Боз ман гумон кардаам, ки ҳама кор чигил мешавад.
— Рост, кор чигил шуд, Мало: мо риштаро кандем!
— Вай мурам! Гапатон. дурўғ...
— Рост, Мало! Ба виҷдонам касам! Медонӣ, пешгўии ту рост баромад:
худи Мўъмина иқрор шуд, ки ҳақиқатан ҳам дигар касро дўст медорад...
—- Ва шумо ҳеҷ чиз нагуфта таслим шудед?
— Ҳа...
—Офарин, Риёзбек! Ман ҳазл кардам ин таслимшавӣ не, ин рафтори марди ҳақиқӣ аст! Офарин!
Дар хона хомўшии муваққатӣ ба амал омад. Аз таърифу тавсифи Малоҳат ду-се курта гўшт гирифта, навиштаҷоти дуюмин мактуби беимзоро ба ў гўшрас карданӣ будам, ки вай боз лаб ба гуфтор кушод.
— Хўш, модар чӣ гуфтанд?
— Вай норизо. Харчанд кардам, гапро нафаҳмид. Ё фаҳмидан нахост...
— Ие, акнун чӣ мешавад?
— Надонам... Акнун ҳама гап ба Мўъмина вобаста… Мувофиқи маслиҳат падару модаронро аз ҳам розӣ кардану ба ҳам оштӣ додан тани вай...
— Вай аз ўҳдаи ин кор мебарояд?
— Ҳа. Худат гуфта будӣ-ку: дар назди ишқи ҳақиқӣ ҳама гуна буҳсу макру ҳила завол меёбад!
— Рост... Бигзор, ҳамин тавр шавад. Баъди машварати кўтоҳ якдилона қарор қабул шуд, ки ба тамошои ГЭС-и Норак меравем...
— Канӣ иардбони қиёмат, гап зан; мабодо-ку тўйро бе ман нагузарондӣ?
Маънии саволи Фарҳодро дуруст нафаҳмидам.
—Кадом тўй?
— Ҳай бачаи каддарози аклкўтоҳ будаӣ, ҷўра! Мабодо-ку тўи худатро бе ман нагузарондӣ, мегўм... Бо гаҳворабахшат ҳамболин шудӣ ё не?

пешина
аз 80
навбатӣ