Гаҳворабахш

— Ба Шумо кӣ гуфт, ки Мўъмииа кар аст?
— Худаш гуфт!
—Худаш?! — дидаи гирьёни модарам аз ғояти таачҷуб шаҳкоса барин шуд. — Каӣ? Бо ҳам ру ба рў шудед?!
— Не... Вай дар ин бора мактуб навишта буд...
Аз ин гирдгашти ногаҳонӣ модарам сари калобаашро гум кард. Чӣ гуфтанашро надо-ниста, бо теғи нигоҳи чашмони пурғазаб та-ну баданамро сўрох карданӣ шуд. Аммо на-тавонист ва ноилоҷ ба заҳрпошӣ гузашт:
— Вай ҳам номаъкул кардааст, ту ҳам! Шумо, тирмизакҳо, маро аҳмақ карданӣ, а? Хобатона ба об гўед! Ту ҳам пахтаро аз гў-шат каш, вай ҳам кашад: худи ҳамин моҳ не, худи ҳамин ҳафта тўӣ мекунем! Вай кар бошад ҳа.ч, шал бошад хам, гунг бошад ҳам — ҳамон катӣ хоиадор мешавӣ! Тамом, вас-салом!
— Не, бува: то зиндаам, тўӣ-пўӣ намеша-вад!
— Дамата гир, тирмизак! Аклатро кор фармо: «андеша беҳ аз пушаӣмонӣ» гуфта-анд!
— Кори дурустро ҳоҷати андеша пест! Тўӣ намешавад! Бо Мўъмина хонадор намеша-вам!
— Хонадор мешавӣ!!
— Не!!! — аз шўълаи ғазаби бардурўғ алангаи козиб бархест. — Агар сахт маҷбур кунед, тамоман аз деҳа саргурез мешавам! Ариза дода, ба аскарӣ мераваму то охири умр дигар ба хона намеоям! Дар он ҷо бо ягон духтар хонадор мешавам. Ана, еонӣ ягон касро писархонд гиреду Мўъмина кати ҳамхона кунед! Хаӣр, ман рафтам...
Дили модар дунима шуд. Вай даст бар сар зада, бо ашки шашқатор аз қафои фар-занди гарданшах давид:
— Ист, писарам! Ист, бачаҷон! Ист... Баъди ғалабаи нахустин ғоз барин поӣ партофта, шоду хуррам ба кўча баромадам. Чӣ тасодуфе: дар суфачаи дарвозаамон Саъ-бабону менишаст! Маро дида, дандон сафед карду чун ҳарвақта якум шуда, ба ҳолпурси даромад:
— Ҳа, Муллориёзбек! Нағз хастед? Дуруст ҳастед? Падару модаратои дуруст ҳастанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё