Гаҳворабахш

Дигар вакт мешуд, ба саволҳои ин аҷуз-кампир ҷавоб нагардоида, хомўш гузашта мерафтам. Лекин, ҳоли ҳозир вай ба манн даркор буд.
Бинобар ҳамин, чашм пўшида, дар ҳавои доираи вай ба ракс даромадам,
— Шукр, оча, ҳамаамон дуруст. Худатон бардаму бакувват?
—Ба худованди карим шукур гуфта гаштем. Лекин канӣ ғаӣрату куввати пешина? Андак роҳ гардам, нафасам ғиппӣ мегирад. Боз ин баландии сабилмондаро намегўед! Ба ҳота рафтан як азобу омадан — сад азоб... Апа, ҳоло азоби гўрро кашида, баландиро паси сар кардаму лакоту монда шуда, дар суфачаи дарвозаатон шишта будам, ки худатон баро-мадед... Муллориёзбек: як чизро пурсам ё на-пурсам гуфта, истиҳола дорам...
— Пурсидан гиред, оча...
Саъбабопу «Ё, пирам, мадад!» гўён, зўр зада аз ҷоӣ хест ва мо гапзанон тарафи ку-чаи калон равон шудем.
— Муллориёзбек, ман пурсиданӣ, ки ма-бодо-ку дар қишлоқи хурдакаки мо зик на-шудед?
— Не-е, оча. Кас наход дар зодгоҳи худаш знқ шавад! Истед, ки чаро ба чуиин хулоса омадед?
— Аз назди ҳавлиатон гузашта истода, шунидам, ки қаҳролуд баландбаланд гап мезанеду бо касе муноқиша доред. Гумон кардам, шаҳратонро пазмон шуда, барои ҳар чн зудтар аз ин ҷо рафтан баҳона мечўед.
— Сабаби баланд-баланд гап заданам ҳа-мин, ки модарам катӣ андак сурху сафед шу-дем. Аммо дар масъалаи шаҳрравӣ ие. Масъ-алан Мўъминаро яктарафа кардем...
— Чӣ хел яктарафа кардед? Худо хоҳад ба қарибӣ тўӣ мехўрем. Ҳамин тавр?
— Не, оча. Тўӣ намешавад. Чунки... ип духтарака... чавобаша додам...
— Наход?! Кар буданашро аллакаӣ ба Шумо гуфтаанд-дия!
— Ҳа, оча. «Кар хоҳари гунг» мегўянд. Ин хел духтари иллатӣ ба кӣ даркор?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё