Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Ин кадар «мардуму одамҳо» иагўӣ! Ту мардуми моро чӣ медонӣ?
Дар баӣнашон ҳа-зору як зоти поку нопок ҳаст. Дар деҳа чӣ бисёр?
Кампир бисёр, ҳангоматалабу ғаӣ-батчӣ бисёр, тўҳматгар бисёр... Ана ҳамин қабил шумшаклҳо обро лоӣ карда, моҳӣ ме-доранду доим аз пашша фил месозанд.
— Раваду шумо аз фил пашша созед...
— Астағфируллоҳ... Ба ип бача чӣ шуда-аст-а?! Ман ба ту мегўям, ки «шир сафед», ту бошӣ «не, сиёҳ» мегўӣ. О, Мўъмина дупна-дуруст шудагӣ. Ба ман, ба модарат, бовар дорӣ ё не?
— Мап-ку ба шумо бовар мекунам, бува. Лекин ин дили сабилмонда ноором аст, ба ҳеч кас бовар надорад... Фақат як илоҷ ҳаст...
— Чӣ илоч?
— Бо Мўъмина ҳамсўҳбат шудан... Агар бо гўши худ шунаваму бо чашми худ бинам, ки ў кар-пар нест, он гоҳ ҳамакаса дар та-раддуди тўӣ мешавем!
— Ип илочат беилоҷ аст, бачачон. Гуфта будам-ку: бо ҳамдигар рў ба рў ва ҳамсўҳ-бат шудани шумо мумкин не. Қоидаи гаҳво-рабахш ҳамин хел...
— Ҳатто, ҳозир — вақте ки тақдири мо ба як тора мў овезон аст, ҳамгап шудани мо мумкин нест?
— Не...
— Ин хел ки бошад, ҳамааш маълум! Ак-иун тамоман умедатонро канед, бо ин кардух-тари дастнорас асло ҳамхопа иамешавам!
— Номаъкул кардӣ, кафлесак! Ҳар чӣ ки пабошад, бо Мўъмина хонадор мешавӣ!
— Не!!! Истед, бува. Росташро гўед, ба Шумо кӣ аз хама азизу қиматтар аст: фар-занд ё хоҳарзода?
— Ҳардуятон ҳам баробар, бачачон, Ҳар дуятон ҳам фарзанди худам...
Як лаҳза сукути гароне ба амал омад. Маӣнаам пуршиддат кор карда, барои чамъ-басти баҳс сухани мувофиқ мечуст.
— Гапи ҳар дуятон адо шуд?—хомўш ис-тодани маро ба таври худ фаҳмида, оҳиста ғурунгид падарам. — Писарам, як гапа пур-сам, маӣлаш?
— Бемалол, додо.

пешина
аз 80
навбатӣ