Гаҳворабахш

Ноумеду ошуфта қафо баргашта, гармогарм, қатъӣ қарор додам, ки ба номи Мўъмина хати батлон кашида, гаҳворабахшро тамоман дарҳаму барҳам мезанам...
Бегоҳӣ модарам кукупалав пухт. Ногуфта намонад, ки ин таоми аз ҳама дилҷусти ман аст. Лекин ҳоло завқу иштиҳоям баста буд. Дилу бедилон як пора гўшти кабкро ба кунҷи даҳон андохта, дуру дароз хоидам.
— Ҳа, бачаҷон: зиқ менамоӣ? Сиҳат-саломат ҳастӣ?
Ҳм...
— Чаро табъат хира?
— Ҳамту...
— Канӣ, бачаҷон, дурусттар гап зан! Чӣ ҳодиса рўй дод?
— Ҳеҷ чиз... Хумори Душанбе зўрӣ карда истодааст...
— Не, ин хел не, бачаҷои... «Чароғи беравған-намешавад равшан»
гуфтаанд. Аз чашмот маълум, ки сирри дилатро руст карда истодаӣ...
Симбозӣ накарда, тез нўки гапро барор, ки ба гиребонам кайк афтид...
Ҳа, тез бош!
— Ман... бо Мўъмина... хонадор намешавам...
— А?!1 — пиёла аз дасти модарам афтиду чои гарм ба почааш рехт.
Вале вай на гармӣ ва на намиро фаҳмид. Чашмонаш дар як он мош барин кушода шуд. Магар ба гўшаш бовар накард, ки бо овози ларзон дубора пурсид:
— А? Чӣ гуфтӣ?
— Мўъминая намегирам!!!
Ранг аз рўи модарам парид. Чеҳрааш мисли абри навбаҳорон аввал сапсафеду баъд як лаҳза сип-сиёҳ шуд. Лабонаш пир-пир мепарид. Кимчӣ гуфтан мехост, аммо наметавонист. Беҳолона дилашро дошта, бо чашми имдод сўям нигарист.
Ба ҳоли вай раҳмам омад. Фаҳмидам, ки фарзанди нохалафу бешафқат бо сухани нобаҳангом ба дили модар ханҷар задаасту аз ин зарбаи ногаҳонӣ ҳоло вай печутоб мехўрад. «Кори нағз нашуд,—ин фикр барқвор аз аз сарам гузашт. — Гапро аз дуртар сар карда, баъд оҳиста ба сари мақсад омадан лозим буд. Акнун барои кам кардани дарди ин зарбаи ҷонкоҳ, зуд ягон тадбир бояд андешид! Зудтар!!!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё