Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Кадом гап?
— Ҳў, гуфта будам-ку: сурат нафиристодани Мўъмина бебало не, вай каси дигарро дўст медорад...»
Малоҳат боз як маротиба таҳдор табассуме карду ноаён ғайб зад. Дар ҷои ў суроби Саъбабону пайдо шуд ва ҷоғашро калон кушода, мисли бум овоз баровард:
— Ана, ҳамин хел Муллориёзбек; Мўъмина дигар каса дўст медорад!
Ин овози нофорам ба дару тирезаҳо бархўрда, акси садо дод:
— Мўъмина дигар каса дўст медорад!
— ... дигар каса дўст медорад!
— ... дўст медорад!
Аз шиддати фикру хаёл сарам давр зад. Пеши чашмонамро пардаи торикӣ гирифт. Хеле дилафсурда шудам. Вале мисли сабукборони соҳилҳо амал накарда, андешаҳои риққатангезу гиряоварро бо азобе пароканда сохтам ва бо умед қаламу коғаз ба даст гирифтам.
«Муъминаи азиз, салом. Дар мактуби охиринат навишта будӣ, ки ҳангоми ба таътил омадани ман «бамаслиҳат ягон илоҷ меёбем». Инак, баъди панҷ рўз истироҳати ман тамом мешавад. Вале мо ҳанўз ба ягон қарор наомадаем. Мўъмина! Дар дили танги ман ончунон гапи бисёр ҷамъ шудааст, ки агар пешгирӣ накунем, эҳтимол бикафад. Албатта, ту ҳам сухани гуфтанӣ бисёр дорӣ... Бинобар ҳамин биё, дар ягон ҷои хилват, пинҳонӣ аз дигарон, мулоқот мекунем. Агар розӣ бошӣ, пагоҳ соати панҷ дар обҷувози кўҳнаи таги ҷар вомехурем. Ё худат ягон ҷои дилхоҳро ёфта, ба воситаи барандаи ҳамин хат маро огоҳ намо! Хуб? Ба ҷавоб бесаброна интизорам гўён Риёзи ту».
Баъди ним соат писарчаи ҳамсоя ҳаш-фашкупон аз назди Мўъмина бозгашт. Аввал як сўми ваъдигиро гирифта, сипас омирона «Гўшатона доред!» гуфт. Итоаткорона сар хам кардам.
Ваё гуфтанд, ки... ҳолангӣ... Шумо рафта истед будасту сунӣ... ҳолангӣ...
ваё сунӣ меумадиянд.
Рўзи дигар аз соати чор то шаш дар обҷувози ваъдагӣ офтобқоқ шуда, Мўъминахони сернозу пиёзро мунтазир истодам. Аммо беҳуда: вай наомад! Яъне, кушоду равшан маълум кард, ки дар дилаш нисбат ба ман ягон зарра меҳру муҳаббат ё майлу рағбат нест. Тамом—вассалом!

пешина
аз 80
навбатӣ