Гаҳворабахш

Ҳамин тариқ риштаи дўстиамон рўз то рўз мустаҳкам мешуд.
Акнун бе ибою истиҳола ба хонаи ҳамдигар медаромадем...
— Гап занед, Риёзбек! Ин духтарчаи ошолуд кист? — пурсид дубора Малоҳат маро ба худ оварда. — Вай ба шумо хоҳар мешавад?
— Не... Вай ба ман... зан мешавад...
— Чӣ? Зан?! — Малоҳат хобгоҳро ба сар бардошта қоҳ-қоҳ хандид. — Э намуред, шумо-масхарабоз! О, ин як ваҷаб духтарчаю... Шумо ба вай шавҳар не, бобо мешавед! Ҳа-ҳа-ҳа!
Ночор мактуби Мўъминаро ба Малоҳат дароз кардам. Вай онро ҳарисона хонду маънидорона табассум кард:
— Ин духтарак дар кадом синф мехонад?
— Синфи даҳум...
— Маълум: хуши суратгирониаш наомадааст... Ин ҷо як гап ҳаст: ё шуморо нағз намебинад ё каси дигарро нағз мебинад...
Пичинги Малоҳат ғашамро овард. Лекин, азбаски вай дар рўзҳои бепулӣ ба дардам давост, ҷавоби хашмолуд нагардонда, нўги гапро кўргиреҳ бастам:
— Надонам...
— Хайр, инаш кори шахсии шумоён!—Малоҳат зуд ба мавзуи дпгар гузашт.—Имшаб дар театри тобистона копсерти Зафар Нозимов мешудааст. Меравем?
— Надонам...
— Дарвоқеъ, ҳозир чӣ план доред?
— Сурат гирондани... Лекин...
— Пул нест?
— Ҳасту кам...
— Парво накунед, то ҳол ягон студент аз бепулӣ дилтанг нашудаасту аз гуруснагӣ намурдааст. Ҳамкурсон зинда бошанд, шикамчаронӣ душвор иест! Маед, ана ин биступанҷсума азони худди худатон. Баъди суратгирӣ ба касса раведу ду билет биёред.
Усто квитансияи бо хати нохоно навиштаашро нописандона ба дастам қаппонд на гуфт, ки сурат баъди як моҳ тайёр мешавад. Мутаносибан, ман ҳам қарор додам, ки як моҳ пас ба Мўъмина мактуби суратдор мефиристам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё