Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Лекин забонам намегашт, ки Малоҳатро барои китобхонаравӣ ташвиқ кунам. Аз он метарсидам, ки агар вай «не» гуяд, осмон омада ба замин мечаспад.
— Чаро яккамахав барин доим танҳо мегардӣ? — пурсид рўзе ҳамкурсам Абдулфайзи арразабон.—Тухмӣ духтарро қаҳт назадаастку! Агар худат натонӣ, як гарданборик гирифта деҳ—даҳ миёнборикро гап-гап мекунам...
Таънаи Абдулфайз ба мағз-мағзи устухонам расид. Пардаи шарму ҳаёро дарронда ва яхи беҷуръатиро қасар-қусур шикаста, бебо-семинар тайёр мекунем...
— Биёед, ҳамроҳ китобхона рафта, якҷоя семинар тайёр мекунем
— Бо ҷону дил меравам,—гуфт андешамандона Малоҳат. — Лекин...
Лекин... ман ҳанўз ба ҳеҷ кадом китобхона аъзо нашудаам.
— Ҳеҷ қисса не. Сурати се бар чор доред? -Ҳа.
— Рафтем. Шуморо худи ҳозир дар вазъияти ботантана ба аъзои фахрии китобхона қабул мекунем.
Малоҳат ширин табассум карду аз ҷой наҷунбид. Дар чашмони олумонанди ин духтари оҳумонанд андак-андак нишонаи нобоварӣ ё тарсу ҳароси духтарона падид омад. Абрувони сип-сиёҳашро дарҳам шикаста, хаёломез, гирдў пешро аз назар гузаронд.
То дари китобхона хапу дам қадам задем. Маълум, ки духтарак шарм медошт. Аммо ман чӣ? Бовар кунед: ҳарчанд кўшидам, барои сўҳбат ягон мавзўи соз ёфт нашуд. Ақаллан ба латифагўӣ забонам нахамбид...
Баъди супоридани имтиҳонҳои нимсолаҳар дуямон бори аввал якҷоя ба кино рафтем. Он ҳам бо ташаббуси Малоҳат рўй дод. Вай сесўмаеро дароз карда гуфт:
— Ин бегоҳ дар кинотеатри «Ватан» филми ҳиндӣ ҳаст. Агар бемалол бошад, ба ҳардуямон билет биёред...
— Хуб шудааст! Ҳозир медавам!—гуфта, аммо пулро нагирифтам.
— Пулро гиред! — хитоб кард Малоҳат боисрор. — Вагарна, намеравам.
Аз байнамон мабодо ягон гурбаи ало нагузарад гўён, рўзи дигар даррав ба сеанси рўзона ду билет овардам. Хайрият, ки Малоҳат «не» нагуфт.
Дафъаи сеюм ба сеанси шабона билет гирифтем. Баъд якчанд маротиба театр, ду бор ба сирк рафтем. Қалъаи Ҳисорро ҳам якҷоя тамошо кардем.

пешина
аз 80
навбатӣ