Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳамчун нахустповести узви нави Иттифоқи нависандагони СССР...
Ҳар ду нусхаи як повест барои таҳлилу муқоиса ба салоҳдиди хонандаи гиромӣ пешниҳод мешавад.

ГАҲВОРАБАХШ
Ҳой ҷўраҳо! Ним нафас сабр кунед! Ба шумо як саволча дорам оё гаҳворабахшро медонед? На он қадар? Ҳай-ҳай маълум мешавад, ки аз кўҳистон нестед. Вагарна ин расми хуби аҷдодонро мисли папҷ панҷа...
эъ, мебахшед, мисли даҳ ангушти худ нағз медонистед. Гўш доред:
гаҳворабахш яке аз таомулҳои қадимаи халқ буда, бибию бобо бобобобокалонҳоямон ҳанўз аз давраи матриарха-лию патринархарӣ...
А? Чӣ гуфтед? Дар ин хусус лекция нахонам? Хуб шудааст, руфақои азиз, ба чашм: лексияро, чун ҳамеша, мувофиқи талаби шунавандагон пеш аз мўҳлат анҷом медиҳем...
Ҳой, ҳой, додарҳои ширин! О, даррав ба ҳар тараф пароканда нашаведдия! Боз як савол ҳаст: марҳамат карда гўед, ки оё қиссаи зангирии маро медонед? Боз «не»?! Оббо... Ҳамин қиссаи ғалатиро, ки надонед, пас чиро медонед?
Лаббай? Онро шунидан мехоҳед? Марҳамат, ҳазор бор марҳамат! Ана ин гапу табассуму каллаҷунбониатон ба ман ҷудо-о ҳам маъқул! Хуб шуд, ки калидчаи заррини дили ҳамдигарро ёфтему дар рўзи равшан ҳам ситораамон рост омад. Ҳи-ҳи-ҳи! Ин, ба қавли мақоланависҳои газета, «гарави пешравӣ ва муваффақияти кор» мебошад.
Хулласи калом, буродарҳо, шаб дарозу қисса кўтоҳ аст. Бинобар ҳамин, дурустакак шинеду аввал бо як тори гўгирд ва андаке пахта гўшатонро, ба ҳар эҳтимол, тоза кунед. Сонӣ, ана он сигарети дар хокистардон беҳуда сўхтаистодаро ба кунҷи лаб гузоред ва тамоми кору бори дунёро аз ёд бароварда, телевизорро ҳам хомўш карда, ба шунидани ин қиссаи аҷоибу ғароиб тайёр шавед.
Тайёр шудед? Сар кардем! Дарвоқеъ, ассалому алейкум!
Биёед, дурустакак шинос шавем: ман фарзанди яккаву ягона, аниқтараш яккаписарам. Аммо эркатулфору нозпарвард набуда, ба қавле «каду гуфта калларо бардошта гаштаам». Хўш ки бошад, номам Риёз.

пешина
аз 80
навбатӣ