Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа
Қиссаҳо
«Гаҳворабахш ё худ қиссаи зангирии худам» нахустин повести ҳаҷвӣ дар адабиёти тоҷик нест, лек аз камолоти адиби нави ҳаҷвнигор башорат медиҳад. Аввалин хонанда ва муҳаррири он устоди равоншоди мо Фазлиддин Муҳаммадиев, ки нисбати ҳама шогирдон ҳамеша маслиҳатгари бериёву беғараз буданд, дар давоми як ҳафта (!) дастнависро «аз қаду бар, бо усули тоқа-тоқа шудгор ва хишова карда», худашон беҳастакак ба редаксия омаданд. Танаффуси нимарўзӣ буд.
Ҳамроҳи Адаш Истаду Муҳаммадзамони Солеҳ шоҳмотбозӣ мекардем.
Баъди ҳолпурсӣ бо кунҷи чашм ба тахтаи шоҳмот нигариста, кӣ ғолиб омаданашро тахмин муайян карда, бо табассуми ҳамешагии худ гуфтанд:
-Ҳар касе буррад, аз мо мукофот гирад!
Баъди се-чор гашт бозӣ анҷом ёфту устод дасти маро фишурда, «нутқи табрикӣ эрод карданд»:
-Додохони азиз, шумо ҳам дар тахтаи шоҳмот ва ҳам дар арсаи адабиёт ғалаба ба даст овардед. Офарин! Марҳамат, мукофоти маро гиред ва дигар асло суст наоед!
Мукофоти устод дастнависи таҳриршудаи «Гаҳворабахш...» буд бо мактубчаи зерин:
«Додохон,
Қиссаи нағз муборак бошад!
Ман 100% тарафдори дар «Садои шарқ», ба шакли китоб ҳар чи зудтар нашр шуданаш...
Аммо ду-се рўза кор дорад ҳоло (ба қайдҳо, эродҳои қариндошқаламӣ нигаред).
Офарин! Так держать!
Бо салом Фазлиддин Муҳаммадиев 25.03.85»
Баъди ислоҳ намудани ҳама эродҳои устод қисса соли дигар дар маҷаллаи «Садои шарқ» чоп шуду дарҳол ба забони русӣ тарҷума гардид ва соли 1978 дар маҷаллаи «Помир» ба табъ расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё