Гаҳворабахш

— Гаҳворабахш гуфтӣ, писар? Ин, яъне чист?
Азиз боз фиррӣ аз ҷой хест:
— Ип яъне, гаҳворабахш чунин маънӣ дорад, ки дар хурди Мўъминаю Риёза ба як гаҳвора баста, баробар алла гуфта, калон кардаанд!
Ип шўхп ҳамаро хандонд ва барои масхараи ман гап пайдо шуд.
Сонитар, вақте ки ба синфи ҳаштум гузаштем, ба ин шўхп шухичаи наве пайванд гардид.
— Азиз, ҳой Азиз!—чашмакони шўхашро бозӣ доронда, ба ҳампартааш муроҷиат кард Мавлуда.—Барои чӣ Мўъминаю Риёза гаҳворабахш мегўянд?
— Барои он, ки агар ҳардуи онҳо хонадор шаванд, дар як гаҳвора хоб мекунанд...
« Ин гапи навро тезҳол ба Мўъмина расонда, вайро ханондан лозим!»— бо чунин ният аз мактаб омадан ҳамон китобҳоро ба гўшае ҳаво дода, як пиёла чою як бурда нон хўрдаму саросема сўи дарвоза давидам,
— Куҷо меравӣ?—овози модарам аз назди танўр ба гўш расид.
— Хонаи холаам. Ба Мўъмина латифаи нав мегўям...
— Ист, бачаҷон. Пештар биё, гап дорам. Пушти гардан хорида, дилу бедилон қафо гаштам.
— Як гапро ким-кайҳо боз ба ту гуфтанӣ будам, бачаҷон. Вақту соаташ ҳамин рўз будааст,—модарам якпаҳлу хам шуда, аз кунҷи танўр нони суп-сурх пухтаро канду ба болояш об шапида, онро ба сабад партофт.— Акнун, бачаҷон, роҳи хонаи холаатро аз ёд барор! Дигар он ҷо намеравӣ...
— Чаро? Чӣ ҳодиса рўй дод?
— Натарс, ҳеҷ гап нашудааст... Урфу таомул ҳамин хел, бачаҷон. Шукр, акнун ту бачаи калон шудаӣ. Ана, мўйлабат ҳам дамидааст. Акнун ба ҳонаи холаат рафтани ту айб, бачаҷон. Як чизи дигарро аз ёд набарор:
минбаъд бо гаҳворабахшат ҳатто ягон калима ҳам гап намезанӣ, бачаҷон!
—- То кай?—нони нимхоида дар гулўям дармонд. — То охири умр?
— Ҳай-ҳай-ҳай! Ин хел гапҳои хунука аз куҷо меёбӣ, бачаҷон? То охири умр не, фақат, то хонадоршавӣ дигар ҳамгап намешавед, бачаҷон...
— Агар гап занем-чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё