Гаҳворабахш

— Ягон бало намешавад!—хандид муаллим, ки аллакай мағзи гапро фаҳмида буд.— Канӣ, Риёз, кулўхи бачашм нашуда, зуд назди Мавлуда гузар! Ҳа!
Аз дастгирии муаллим андаке ҷуръат пайдо карда, қадаме пеш гузоштам. Аммо Азизи пастак боз обро лой кард.
— Мўъмина қаҳр мекунад, маълим. Мавлудая дуои бад мекунад...
— Азиз дурўғ мегўяд, — базўр овоз баровардам ман.—Муъмина ин хел духтар не...
— Ин хел, ки бошад, ҷудо нағз. Канӣ, ба паҳлуи Мавлуда гузар! Тез бош!
Қадами қатъии ман боз дар ҳаво муаллақ монд. Ба ин акнун гирьяи Мавлуда сабаб шуд.
— Ман Риёзбек қатӣ намешинам!—гуфт вай фиқ-фиқ бинӣ кашида,— Азиз катӣ мешинам...
Ин гапро шунидан ҳамон, ҳатто даъвати муаллимро интизор нашуда, Азиз тапаррас давиду паҳлўи Мавлуда нишаст. Китобу дафтарҳояшро саросема ба ғалладон гузошту аз миён поёнашро чапу рост ҷумбонда, қулайтар нишаст ва мисли хурусчўҷа гардан ёзонда, ғолибона сўи ман нигарист...
Ба арақи хиҷолат ғўтавар шуда, бо дили пуралам карахту лол меистодам. Зеро баъди ин саҳнача ҳама кор баръакс шуд: муаллим ҳарчанд кушиш кард, дигар ҳеҷ кадом духтарак бо ман ҳампарта шудан нахост.
— Ба партаи аз ҳама оқиб гузар!—гуфт дар охир муаллим андаке асабӣ шуда.—Худат танҳо ҳамон ҷо мешинӣ!
То хатми мактаби миёна синфхонаи мо чандин бор дигар шуд. Аммо ман доимо дар партаи қафо яккаву танҳо менишастам...
Боре ба синфамон аз шаҳр муаллимчаи нав омад.
—Чаро ту танҳо нишастаӣ, писар?—пурспд вай.—Магар аз духтарҳо метарсӣ?
Ҳама пиқ-пиқ хандиданд. Аз шарм забон ба хок молида, бо сари хам хомўш истодам. Вақте ки муаллим гапашро такрораи пурсид, Азизи беқарор ба гап ҳамроҳ шуд:
— Риёз аз духтарҳои синфамон наметарсад, маълим. Вай аз гаҳворабахшаш меларзад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё