Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧӢ ХОҲАМ КАРД?
...Ҳам ин иқрорро чӣ хоҳам кард?
Ҳам ин инкорро чӣ хоҳам кард?
Як тараф дину як тараф дунё,
Ин қадар борро чӣ хоҳам кард?
Гоҳ дин, гоҳ мебарад дилро,
Ёри айёрро чӣ хоҳам кард?
Чор сӯ мекашанд харворат,
Лутфи дарборро чӣ хоҳам кард?
Шуғлҳоям намедиҳад боре...
Кори бекорро чӣ хоҳам кард?
Баски ойинагоҳи ёрам нест,
Чашми бедорро чӣ хоҳам кард?
Ҳубби сарвату мансабу шуҳрат...
Ёри бисёрро чӣ хоҳам кард?
Дил якеву ҳазору як маъшуқ,
Бар худ озорро чӣ хоҳам кард?
Мурғи дил дар қафас фиғон дорад,
Ин гирифторро чӣ хоҳам кард?!
Омадам, бехабар ба ин дунё,
Расми бозорро чӣ хоҳам кард?
Ман, ки маҳрумам аз таҷаллияш,
Нуруланворро чӣ хоҳам кард?
Бо гуноҳони беадад, фардо,
Шӯълаи норро чӣ хоҳам кард?
Тошканд, 19 январи соли 2020
БУРУН О!

Эй ганҷ, зи ин кулбаи вайрона бурун о,
В-эй шурби куҳан, аз хуми майхона бурун о!

Эй ишва, аз он лаъли шакаррез бурун ҷаҳ!
В-эй рӯйи мушаъшаъ, зи парихона бурун о!

Эй ҳайрати ошуфта, равон шав ба хами зулф!
В-эй назм, зи дандонаи ин шона, бурун о!

Эй нури умед, аз дили ин шамъ барафрӯз!
В-эй шавқи висол, аз дили парвона бурун о!
Эй лаззати дидор, бурун шав зи ниқобат,
В-эй завқи шукуфтан, зи гулистона бурун о!

Эй ҳарфи дилафрӯз, равон шав зи лаби ёр,
В-эй рози ниҳон, аз дили мастона бурун о!

Эй даст, ба арағушт рав, эй пой, ба рақс ой,
В-эй занг, зи занҷираи завлона бурун о!

Эй дурри дуъо, аз садафи қалб бурун рез,
В-эй дурди даво, аз дили дурдона бурун о!

Тошканд, соли 2020

пешина
аз 151
навбатӣ