Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОЗАМ...
Бозам аз қисмат фиреби тоза тақдир асту ман,
Бодаву дӯшизаву таҳдиди такфир асту ман.
Омадам, таҷдид бахшам қиссаи Мансурро,
Дар камин завлонаву занҷири тазвир асту ман.
Гунгаму фарёд бар гӯши кари дунё занам,
Хобҳое ҳамчунин берун зи таъбир асту ман.
Сарнавиште тундкешу саргузаште тундрав,
Лолаи дил синачок аз жолаи тир асту ман.
Солҳо шуд меравад бесоя ҷисмам дар замин,
Офтобе дар само холӣ зи танвир асту ман.
Хона-хона байтҳоям таҳ ба таҳ таъмирхоҳ,
Дар вуҷудам Ҷаъфаре муҳтоҷи таҳрир асту ман.
Тошканд, 11 декабри соли 2019
ГУФТУГӮИ ГУНГ
Ханда кардӣ, ки мурдаам, яъне?
Дил ба дастат супурдаам, яъне?
Лаб кушодӣ хамӯш... Бӯсеро
Аз лабонат набурдаам, яъне?
Чашм бастиву боз бикшодӣ,
Панди тозае хӯрдаам, яъне?
Бо ду ангушт ишорае кардӣ,
К-ин ҳама баршумурдаам, яъне?
Барфишурдӣ латиф муштатро:
Бин, чӣ сахтат фишурдаам, яъне?
Нақши деворро тарошидӣ:
Номат аз дил сутурдаам, яъне?
Тошканд, 15 декабри соли 2019

пешина
аз 151
навбатӣ