Ақли бунафш

МАНТИҚИ ТАЙР
Ақл мани харобро аз бари бора мекашад,
Гоҳ пиёда мекашад, гоҳ савора мекашад.
Масту хароб меравам сӯйи дили фигори худ,
Миршабона мерасад ақлу дубора мекашад.
Хосияте надидам аз маҷлиси хирсхислатон,
Килк ҳузури Хизрро рӯйи ибора мекашад.
Миршабе, ки шаб зи ӯ рӯйсиёҳ гаштааст,
Ошиқи беиродаро сӯйи идора мекашад.
Оҳ, басо, ки зад ба дил мантиқи сарди минтақа,
Мантиқи тайри саркашам сӯйи ситора мекашад!
Аз васати набуду буд, аз чамани кабуду сурх
Ақли бунафш мерасад, ҷониби чора мекашад!
Тошканд, 17 ноябри соли 2019
ШАВЕМ ҒАРҚ
Хезед, дар таронаи дарё шавем ғарқ,
Дар чеҳраи мушаъшаъи зебо шавем ғарқ.
Аз кулбаи надомати дирӯз дил канем,
Дар мавҷаи шукуфаи фардо шавем ғарқ.
Эй оби оби об! Ба обитарин нигоҳ,
Бар мо назора кун, ки саропо шавем ғарқ!
Дарёпарӣ! Гузашт шаби мо, куҷостӣ?
Рӯе намой, то ба тамошо шавем ғарқ.
Хезед, дар таровати гулшан шавем маҳв,
Дар ҷилваҳои як гули раъно шавем ғарқ.
Хезед, сар диҳем ба тӯфони вожаҳо,
Дар ҷӯшиши таҳайюри маъно шавем ғарқ.
Ақле бунафш мерасад аз ормонхирад,
Ҷаъфар, биё, ба олами рӯъё шавем ғарқ!
Тошканд, 20 ноябри соли 2019

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё