Ақли бунафш

ЭЙ ЁР!
Диламро бурдӣ, Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим, эй ёр,
Ниҳодӣ бар сари теғе, ки то гардад ду ним, эй ёр!
Ману як қалби осие, ки дар ҳеҷ осиёӣ нест,
Набигзорӣ аз ин баъдам ба шайтони раҷим, эй ёр!
Чӣ ҳолу рӯзгоре дорад он қалби асири ман,
Саҳаргоҳон хате бифрист бо боли насим, эй ёр!
Ҳаҷар аз ҳаҷри ту бар дил, хатар аз заҷри ту бар дил,
Ба гардан мекашам умре гуноҳони азим, эй ёр!
Гуноҳамро биёмурзад Худованди раҳим, эй ёр!
Мақоматро бияфзояд Худованди карим, эй ёр!
Тошканд, 14 ноябри соли 2019
РАФТАНД
“Дӯстон”-ам зи ман фаро рафтанд,
Ҷумла бар раҳмати Худо рафтанд.
Хайл-хайл омаданд бо шавкат,
Ҷумла як-як, ҷудо-ҷудо рафтанд.
Ин хатозодагон аз ин хитта,
Тоҷирона суйи Хито рафтанд.
Ман ба девонагӣ шудам шуҳра,
Аз чи онҳо пайи даво рафтанд?
Омаданд, аз садоқате гуфтанд,
Хоинона чаро, куҷо рафтанд?
Ёдашонро ба хайр биспорам,
Зинда бар раҳмати Худо рафтанд...
Тошканд, 15 ноябри соли 2019

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё