Ақли бунафш

ДУБОРА...
Дубора, ки об мешавам дар чашмат,
Ҳубоби ҳубоб мешавам дар чашмат.
Азоби азоб мешавӣ дар чашмам,
Хароби хароб мешавам дар чашмат.
Суоли суол мешавӣ дар чашмам,
Ҷавоби ҷавоб мешавам дар чашмат.
Гулоби гулоб мешавӣ дар чашмам,
Гилоби гилоб мешавам дар чашмат.
Тароби тароб мешавӣ дар чашмам,
Туроби туроб мешавам дар чашмат.
Сароби сароб мешавӣ дар чашмам,
Суроби суроб мешавам дар чашмат.
Иқоби иқоб мешавӣ дар чашмам,
Уқоби уқоб мешавам дар чашмат.
Иноби иноб мешавӣ дар чашмам,
Шароби шароб мешавам дар чашмат.
Шаҳоби шаҳоб мешавӣ дар чашмам,
Саҳоби саҳоб мешавам дар чашмат.
Тошканд, соли 2019
МАЪНО ТУСТӢ
Дардҳоямро мудово Тустӣ,
Ғуссаҳоямро тасалло Тустӣ.
Сулҳҳоямро туӣ садри сарир,
Ҷангҳоямро муросо тустӣ.
Ғарқ дар чашмони обият шудам,
Бемуҳобот, асли дарё Тустӣ.
Ман ба фардои Ту бовар мекунам,
Фаррае зеро зи Фардо Тустӣ.
Заррае холӣ намебинам зи Ту,
Заррасон зеро ба ҳар ҷо Тустӣ.
Нуктае дорам, ки дорад нуқтае:
Мо ҳама шаклему Маъно Тустӣ!
Тошканд, 10 ноябри соли 2019

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё