Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МЕҲМОНИ ХАЁЛ
Дишаб, ки ҷамоли ту меҳмони хаёлам буд,
Аз моли ду дунё дил дар хони хаёлам буд.
Мӯйи ту парешон буд аз мӯяи Омӯя,
Бо вусъати худ соҳил майдони хаёлам буд.
Дил чокари чобукрав, ҳис навкари чобукдав,
Ин ақли арастуӣ ҳайрони хаёлам буд.
Бемори ду чашми ту буд анҷумани ёдам,
Як меҳрнигоҳи ту дармони хаёлам буд.
Ёдат чӣ муъаттар буд, аз ҳар тара тартар буд,
Гесӯи гулафшонат райҳони хаёлам буд.
Тошканд, 14 июни соли 2019
ЯК ДУРӮҒИ ДУНЁӢ
Як фиреби дарёӣ буду чашмҳоят буд,
Як дурӯғи дунёӣ буду чашмҳоят буд.
Мижжае ба ҳам хӯрдан буду умри кӯтоҳам,
Ваъдаҳои фардоӣ буду чашмҳоят буд.
Ибтидои савдоӣ буду чашмҳои ман,
Интиҳои доноӣ буду чашмҳоят буд.
Нусхае зи маҷнунӣ буду чашмҳои ман,
Нусхае зи лайлоӣ буду чашмҳоят буд.
Табъи молихулёӣ буду чашмҳои ман,
Завқи оламороӣ буду чашмҳоят буд.
Ҷуз нигоҳ кай дору буд ба дарди дил иксир?
Кимиёи рӯъёӣ буду чашмҳоят буд.
Зулмати фарогире буду Ҷаъфари маҳзун,
Фарраи аҳуроӣ буду чашмҳоят буд...
Тошканд, 24 августи соли 2019

пешина
аз 151
навбатӣ