Ақли бунафш

САЛОТИ ИШҚ
Аз қанду наботи Ишқ гӯям,
З-абнову баноти Ишқ гӯям.
Ҳар лаҳза салоти Ишқ хонам,
Ҳар дам салавоти Ишқ гӯям.
Аз Чашмаи Хизри Ишқ нӯшам,
Аз Оби ҳаёти Ишқ гӯям.
Аз шоми мунаввари муҳаббат,
Аз субҳи наҷоти Ишқ гӯям.
Бо бесифатии хеш, Ҷаъфар,
Як умр сифоти Ишқ гӯям.
Тошканд, 22 апрели соли 2019
ҲАЙРОН НАМЕШАВАМ
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт...
Мавлавӣ
Шамъам, чаро ба шом дурахшон намешавам?
Шамсам, ба рӯз баҳри чӣ тобон намешавам?
Дар ҳайратам, ки бо ҳама азму талошҳо,
Панҷоҳсола гаштаму инсон намешавам.
Панҷоҳу як баҳор гузашту ҳанӯз ман
Аз чист, як сабоҳ гулафшон намешавам?
Марҳам ба дарди қалби халоиқ шудам, вале,
Бар дарди хеш баҳри чи дармон намешавам?
Эй дӯст, гар ту ҳам биравӣ аз канори ман,
Ҳайрон зи бевафоии ёрон намешавам.
Умрест, дар вуҷуди худам мавҷ мезанам,
Аммо чаро қиёмати тӯфон намешавам?
...Инак, зи ҳар баҳона гузаштам, ки баъд аз ин,
Фармонсупурда чун саги чӯпон намешавам!
Эй бодҳои тунди мухолиф, инон кашед,
Ман қасри оҳанинаму вайрон намешавам!
Тошканд, 3 июни соли 2019

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё