Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧӢ МЕДИҲАД?
Абрӯт ғайри дарси дурӯӣ чӣ медиҳад?
Гесӯт ғайри фалсафагӯӣ чӣ медиҳад?
Аз роҳ мезанад дили яктопарастро,
Чашмат ба ғайри ҳикмати дуӣ чӣ медиҳад?
Аз турраи ту мушки Хутан маст мешавад,
Аммо ба ғайри ғолиябӯӣ чӣ медиҳад?
Дидӣ касе ба силсила соҳибмақом шуд?
Мӯят ба ғайри силсилаҷӯӣ чӣ медиҳад?
Бигзор, гунгу кар шаваму дам кашам фурӯ,
Ҳарфат ба ҷуз даридагулӯӣ чӣ медиҳад?
Тошканд, 15 декабри соли 2019
ЧӢ ГУНА МЕРАВӢ? БИНШИН!

Зи тан, эй ҷон, чи гуна меравӣ? Биншин!
Зи ман, ҷонон, чи гуна меравӣ? Биншин!

Худоро дар миён оварда бастӣ аҳд,
Пас аз паймон чи гуна меравӣ? Биншин!

Магар аҳволи чашмамро намебинӣ?
Дар ин борон чи гуна меравӣ? Биншин!

Маро биспурда бар хоки надоматҳо,
Гули райҳон, чи гуна меравӣ? Биншин!

Чӣ мушкилҳо, ки моро иттифоқ афтод,
Чунин осон чи гуна меравӣ? Биншин!

Агар аз ман равон гаштӣ ба пинҳонӣ,
Аз Ӯ пинҳон чи гуна меравӣ? Биншин!
Тошканд, 21 апрели соли 2019

пешина
аз 151
навбатӣ