Ақли бунафш

ЧУН РАВАМ?
Мӯрам, аз ин хони эҳсон чун равам,
Аз кафи лутфи Сулаймон чун равам?
Захми мижгонҳои ту дар дил, вале,
Рустамам, аз қалби майдон чун равам?
Тӯҳфае ҷуз дил надорам баҳри ту,
Бо гадоӣ назди султон чун равам?
Гавҳари мақсуд н-омад бар кафам,
Дасти холӣ пеши ёрон чун равам?
То ба даргоҳи шарифу поки ту,
Бо ҳазорон айбу нуқсон чун равам?
Наздат, эй донои ҳар розу ниёз,
Бо чунин як ақли нодон чун равам?
Омадан сӯйи туям осон набуд,
Мушкилам ин аст, к-осон чун равам?
Зулфи ту ошуфт ҷамъи хотирам,
Бо чунин ҳоли парешон чун равам?
Ҳилаҳоят баста медорад маро,
Юсуфам, аммо ба Канъон чун равам?
Кош, ҷони дигаре медоштам,
Ҷонам ин ҷо монд, беҷон чун равам?
Тошканд, 2 октябри соли 2018
ФИРОҚАНДУДА
Фироқандудаи рӯйи ту будан шавкате дорад,
Ғарибафтодаи холи ту будан иззате дорад.
Муқими хонаи ҳаҷри ту будан неъмате обист,
Фиреболудаи лаъли ту будан лаззате дорад.
Насимолудаи атри ту будан файзи раббонист,
Асирафтодаи зулфи ту будан зинате дорад.
Агарчӣ сӯхтӣ бо як нигоҳат дину дил, гӯям:
Назарпарвардаи чашми ту будан ҳикмате дорад.
Шароболудаи ёди висолат будан авродест,
Расидан то ба базми ишрате ҳам меҳнате дорад.
Таҷаллии ҷамол инҷо дигар дар ҳукми таҳрим аст,
Ки ҳар як ҷилва шӯҳрат, шӯҳрате ҳам офате дорад.
Биёву “Дӯстат дорам!” бигӯ, то бишнавӣ аз ман,
Ки аз тӯтӣ шунидан ҳарфи худ ҳам лаззате дорад.
Ба ҳар як лаҳзаи дидор чашми хеш равшан кун,
Ки ҳар як омадан монанди рафтан одате дорад.
Саробу хобу рӯъёву хаёл инҷост бо Ҷаъфар,
Ки оре, мунзавӣ бо ин чаҳораш вуслате дорад.
Тошканд, 23 июли соли 2020

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё