Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ё... ВА Ё...
Ё ба дарбори адӯ бояд равам,
Ё ки бар даргоҳи Ӯ бояд равам.
Ё назар созам ба рӯйи моҳи нав,
Ё ба назди моҳрӯ бояд равам.
Ё ба сӯйи хонақоҳу мадраса,
Ё ба дунболи сабӯ бояд равам.
Ё аз ин батлох по берун кашам,
96
Ё дар ин ғаждӣ фурӯ бояд равам.
Ё чу рӯбоҳе ниҳон андар камин,
Ё чу шере рӯбарӯ бояд равам.
Ё барои ҷангу пархошу талош,
Ё ба наздаш сулҳҷӯ бояд равам.
Ё нагӯям ҳеҷ ҳарфе з-оштӣ,
Ё барои гуфтугӯ бояд равам.
Ё барам аз ёди худ гумгаштаро,
Ё барои ҷустуҷӯ бояд равам.
Ё ба ин маънӣ фишонам дасти худ,
Ё ба даркаш мӯбамӯ бояд равам.
Ҷаъфар, омад аз дили ман ин нидо:
Сӯйи бесӯйии сӯ бояд равам.
Тошканд, 5 сентябри соли 2018
Ғаждӣ – нопокӣ, наҷосат; ботлох.
ДАР ИХТИЁРИ МАН НЕСТ

Бо хештан набудан дар ихтиёри ман нест,
97 Бар чашмҳо намудан дар ихтиёри ман нест.

9899 Соқии воъиз омад, гар сидқ гуфту гар кизб, 100 Ҳарфе ба он фузудан дар ихтиёри ман нест.

Он гуна, к-ихтиёре бар қисматам набуда,
Як шеъри нав сурудан дар ихтиёри ман нест.

101 Он гуна, к-ихтиёре дар нақди кас надорам, 102 Фазли касе сутудан дар ихтиёри ман нест.

Он гуна, к-озмудан кизби ту қисматам нест,
Сидқи ту озмудан дар ихтиёри ман нест.

Чун дастбӯсии ту дар дасти ман набуда,
Рухро ба по-т судан дар ихтиёри ман нест.

Аз Ӯст, ҳар чӣ ояд, ҳатто агар ту хоҳӣ,
Як лаҳза бо ту будан дар ихтиёри ман нест.

Як дил ғазал ба гӯшат гуфтан, зи ту ба ҷонам
Як лаб ғазал шунудан дар ихтиёри ман нест...

Тошканд, 5 сентябри соли 2018

97
Намудан – намоён шудан, аён шудан.
98
Сидқ – рост, дуруст.
99
Кизб – дурӯғ, нодуруст.
100
Фузудан – илова кардан, изофа кардан.
101
Нақд – танқид.
Сутудан – васф кардан, таъриф кардан, ситойиш кардан.

пешина
аз 151
навбатӣ