Ақли бунафш

ДИЛАМРО САРД КУН!
З-ин зодбуму бому дар ё Рабб, диламро сард кун,
З-ин манзили пурзаҷру шар ё Рабб, диламро сард кун!
Аз ишқҳои сурху зард, аз рангу атру бӯйи вард,
Аз ҷилваҳои симу зар ё Рабб, диламро сард кун!
Бигзашт умрам бо ғазал, бо панду андарзу масал,
З-ин шуғлҳои бесамар ё Рабб, диламро сард кун!
Бо ин ҷамоъат гум шудам, омӣ чу ин мардум шудам,
З-ин халқи гунгу кӯру кар ё Рабб, диламро сард кун!
Хезад шароре аз кулӯх, ояд садое аз малах,
З-ин қавми бешӯру шарар ё Рабб, диламро сард кун!
94
Дил бастаам бар ёри бад, к-ӯ нест тоҷикӣ балад,
З-ин тундхӯи лабшакар ё Рабб, диламро сард кун!
Ин шӯрахоки пурлаҷан ҳаргиз нашуд бар ман ватан...
Бар шаҳри худ дорам сафар... Ё Рабб, диламро сард кун!
Тошканд, 12 июли соли 2018
Балад набудан – надонистан, ошно набудан.
АФСОНА САР НАШУД...
То Ту наёмадӣ, афсона сар нашуд,
То Ту наёмадӣ, шоме саҳар нашуд.
Дар шохсори Ишқ як мурғи орзӯ,
То Ту наёмадӣ, хушболу пар нашуд.
Як хӯша инқилоб дар батни хум накард,
То Ту наёмадӣ, як най шакар нашуд.
Эй абри отифа! Дар хушксоли рӯҳ,
То Ту наёмадӣ, як шеър тар нашуд.
Аз сукри сурной, в-аз бонги карраной,
То Ту наёмадӣ, як шаҳр кар нашуд.
Савдои сулҳу ҷанг, дунёи савту ранг,
То Ту наёмадӣ, зеру забар нашуд.
Ин Ҷаъфари ғариб, эй ёр, эй ҳабиб!
То Ту наёмадӣ, соҳибназар нашуд!
Тошканд, 20 августи соли 2018
95 Ин ғазал акси ҳамон ғазалест, ки бо номи “То ту наёмадӣ” дар маҷмӯъаи шеъри “Ошиқи Ишқ”-и (Тошканд, 2011) Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ҷой гирифта буд. Он ғазал дар соли 2008 суруда шуда буд ва пас аз даҳ сол маълум гардид, ки дар санъати акс гуфта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё