Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

КИЙӢ, КӢ?
На маҳӣ, на офтобӣ, чӣ бидонамат, кийӣ, кӣ?
На гуноҳ, не савобӣ, кӣ бихонамат? Кийӣ, кӣ?
На калом, не садоӣ, на дуруд, не дуъоӣ,
Ки паёми ошноӣ бирасонамат, кийӣ, кӣ?
Чу ба содагӣ занам дам, на фариштаӣ, на одам,
Ки дуруст фарқ кардан натавонамат: кийӣ, кӣ?
Ба ҳазор хубрӯӣ, на рафиқ, не адӯӣ,
Ки гуле ба мушкбӯӣ бифишонамат. Кийӣ, кӣ?
На гузаштаӣ, на ҳолӣ, на ҷавоб, не суолӣ,
Ки ду бӯсаи хаёлӣ биситонамат. Кийӣ, кӣ?
Ба ҳазор ақли бурро, ба ҳазор ҳуши доно,
Ҳама донаму бидонам, ки надонамат: кийӣ, кӣ?
Тошканд, 18 марти соли 2018

Киӣ – кӣ ҳастӣ?
НАДОНИСТӢ
Эй нақши бари девор, омадам, надонистӣ,
Дилсангтарин дилдор, омадам, надонистӣ.
Як роҳ на, бал сад раҳ хондамат, набишнидӣ,
Як бор на, бал сад бор омадам, надонистӣ.
Аз меҳр талаб кардам бурдае, надодиям,
Жӯлида қаландарвор омадам, надонистӣ.
Маҳбуб шудам, аммо бо хато бирондиям,
93
Мансур шудам, эй дор, омадам, надонистӣ.
Махмури майи нобат, дар радифи асҳобат,
То даргаҳат, эй хаммор, омадам, надонистӣ.
Бигзашта зи ному нанг, аз қаламрави фарҳанг,
Ноёртарин эй ёр, омадам, надонистӣ...
Тошканд, 20 марти соли 2018

Мансури Ҳаллоҷ.

пешина
аз 151
навбатӣ