Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

САРНАВИШТИ МО

Дар лаҳзаҳо асир шудан сарнавишти мост,
87 Дар қалби най нафир шудан сарнавишти мост.

Моро набурдааст раҳе бар муродгоҳ,
88 Раҳбар ба ҳар масир шудан сарнавишти мост.

Соқӣ, биё, ба орди мо хамр зан, бишӯр,
Бо мушту лат хамир шудан сарнавишти мост.

Пиронасар ҷавон шудан аз ишқи ҷонгудоз,
Бе сӯзи ишқ пир шудан сарнавишти мост.

8990 Лабрези мӯяҳо, ки зи Омӯя медамад,
91 Сер аз лабони Сир шудан сарнавишти мост.

Тошканд, 2 январи соли 2018

87
Нафир – нола, садои навҳа.
88
Масир – роҳ.
89
Мӯя – нола, навҳа.
90
Омӯй – Амударё.
Сир – Сирдарё.
ҲАДЯИ СОЛИ НАВ
Соли Нав тоза имтиҳон овард,
Тоза яъне балои ҷон овард.
Барфбобо бишуд зи дар ворид,
Муждаҳое аҷаб калон овард.
Гарчӣ н-овард з-осмон барфе,
Нархи бозори осмон овард.
Ҳадяҳои гарон наёвард, лек,
Нархҳое басо гарон овард.
Гуфт: з-ин баъд бода камтар хӯр,
К-он ба ҷайбат ҳаме зиён овард.
Гуфт: сигорро бикаш камтар,
Он ба шушат, ки сарратон овард.
Гуфт: дорад зарар ба қалбат гӯшт,
Дарди бисёр беши он овард.
Нон ба андоза хӯр, машав фарбеҳ,
Гарм дӯкон агарчӣ нон овард.
З-он ки моҳонаҳо бияфзояд,
Як маҳе қабл сад нишон овард.
Пир гардид орзӯҳомон,
Барф бар мӯйи навҷавон овард.
Дар дилаш буду оқибат бо дард,
Ҷаъфар ин шеър бар забон овард.
Тошканд, 5 январи соли 2018

пешина
аз 151
навбатӣ