Ақли бунафш

СУОЛҲО ДОРАМ
Ба дил зи холи рӯйи ту чӣ хол-холҳо дорам,
Биё, бубин, зи доғи ҳаҷри ту чӣ ҳолҳо дорам?
Худоям аҷри ҳаҷр медиҳад ба васли бепоён,
Маро, ки дар дил аз фироқи ту малолҳо дорам.
Ба ман ҷавобҳои талх медиҳиву нӯшат бод!
Бичаш, ки шаҳдгуна бар ту ман суолҳо дорам.
Ҳанӯз умеди хешро накандаам, ки меоӣ,
Биё, бубин, чӣ хом бар сарам хаёлҳо дорам.
Гирифтаӣ маро ба чанги шасти хеш моҳивор,
Халида шаст бар гулӯ, бубин, суолҳо дорам.
Тошканд, 30 декабри соли 2017
ҒАЗАЛ ВА МАН
Ғазал дар дилам масти маст аст, ман ҳам,
Сари кӯзаи май нишастаст, ман ҳам.
Қасам сакта хӯрдаст даври забонаш,
Қасам дар забонам шикастаст. Ман ҳам...
Дилам чун ғазал ошиқе бебарор аст,
Ғазал чун дилам майпараст аст, ман ҳам.
Ғазал бо дилам з-он ҷиҳат унс дорад,
Ки шайдо зи рӯзи аласт аст, ман ҳам.
Ғазал гар намебуд, ин дил кӣ мебуд?
Ғарибе, ки аз худ гусастаст... Ман ҳам.
Ғазал дар дилам лона мондаст, Ҷаъфар,
Дилам бо ғазал аҳд бастаст... Ман ҳам...
Тошканд, 31 декабри соли 2017

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё