Ақли бунафш

Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ (Ҷаъфар Холмӯъминов Муҳаммадиевич) дар торихи 20 сентябри соли 1968 дар ноҳияи Шерободи (дар маҳалле, ки имрӯза дар ҳудуди ноҳияи Музработ ҷой гирифтааст) вилояти Сурхондарё дар хонаводаи муаллими забон ва адабиёти тоҷикӣ Муҳаммад Холмӯъминов ба дунё омад. Вай дар солҳои 1975-1985 дар мактаби ҳамагонии шумораи 8-и ноҳияи Музработ (ба номи С.Айнӣ) ва ноҳияи Бойсун (ба номи Рӯдакӣ) таҳсил гирифт. Дар соли 1986 ба донишҷӯии донишкадаи филологияи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон пазируфта шуд ва дар бахши адабиёти клоссики форсӣ-тоҷикӣ ба касби таҳсили илм пардохт. Баъд аз итмоми соли аввали таҳсил, дар солҳои 1987–1989 сарбози нирӯҳои низомӣ буд.
Пас аз итмоми хидмати ҳарбӣ, ба идомаи таҳсилоти олӣ дар донишгоҳи мазкур пардохт ва дар соли 1993 онро ба поён расонид ва аввалин поённомаи илмии худро таҳти унвони “Таҳқиқи сарчашмаҳои тасаввуф дар Эрон” бо роҳнамоии устодаш, доктори илмҳои филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода дифоъ намуд ва муваффақ ба дарёфти дараҷаи фавқлисонси забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ гардид.
Дар ин донишгоҳи мӯътабар дар маҳзари устодони барҷастаи забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ чун профессорон Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Мукаррама Қосимова, Худоӣ Шариф, Раҳим Мусалмониён, Саъдоншоҳ Имронов, Султон Воҳидов, Мирзо Муллоаҳмадов, Абдунабӣ Сатторзода, Қурбон Восеъ, Худойназар Асозода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафар Абдуллоҳ, Урватулло Тоиров, Рустами Ваҳҳоб ва дигарон таълим гирифт, дар маҳфили адабии “Адибони ҷавон”-и факултети филдологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии (ҳоло миллии) Тоҷикистон ҳузур пайдо кард, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба унвони шоири навқалам шинохта шуд, аз сӯҳбатҳо, сабақҳо ва маслиҳатҳои муфид устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ баҳраҳои фаровон бурд, намунаҳои ашъорашро аз тариқи родиё ва телевизион ва матбуоти даврии Тоҷикистон эълон кард, дар соли 1990 як муддати кӯтоҳ бо гурӯҳе аз устодон ва донишҷӯёни донишкадаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи Афғонистон барои коромӯзӣ эъзом шуд, дар Донишгоҳи Балх таҷриба омӯхт, бо шоирон ва нависандагони Анҷумани нависандагони Балх ошноӣ пайдо кард.
Пас аз ба поён расонидани таҳсилоти олӣ дар солҳои 1993-1994 дар шаҳри Тирмиз беш аз як сол ба унвони мудир ва муҳаррири аршади бахши тоҷикии идораи родиёи Созмони Садо ва Симои давлатии вилояти Сурхондарё ифои вазифа намуд. Як муддат дар Шӯрои иттиҳодияҳои касабаи вилояти Сурхондарё ба унвони мушовири бахши ҳифозати иҷтимоӣ ва дар Бунёди иҷтимоии ҷавонони вилояти Сурхондарё ба унвони мудири бахши умури маънавӣ-маърифатӣ ифои вазифа кард. Аз соли 1994 то соли 1998 дар факултети филологияи ӯзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба унвони муаллим ва муаллими аршади забони форсӣ ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ машғул ба тадрис шуд.
Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ дар соли 1994 дар шаҳри Тирмиз маҳфили адабии “Чашмаи хуршед”-ро, ки дар атрофи худ беш аз панҷоҳ нафар шоирону нависандагон, навқаламон, рӯзноманигорон ва овозхонҳои форсизабони вилояти Сурхондарёро гирд оварда буд, таъсис намуд ва то соли 2001 раҳбарии ин маҳфилро бар ӯҳда дошт.
Дар ин давра Ҷаъфар Муҳаммад тамоми фаъолияти худро ба парвариши муҳити адабии тоҷик ва адибони ҷавон дар вилояти Сурхондарё сафарбар намуд. Ин буд, ки навқаламоне чун Искандар Мирзо, Саидаи Синавӣ, Эркин Муқим, Фозили Шукурзод, Олими Панҷизод, Солеҳи Муҳаммадҷон, Сурайё Норманова, Дилафрӯзи Муқим, Ҷамшеди Панҷизод, Баҳодур Бароти Бойсунӣ ва дигарон ба майдони адабиёт омаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё